Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БОЙГОНӢ

СУҲБАТ ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Рӯзи 17 феврал дар толори филармонияи халқии ноҳия атрофи Паёми ба Маҷлиси Олии кишвар рӯзи 20 январи соли равон ироа гардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакт Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, вохӯрии судманд доир гурдид.

Дар вохӯрӣ   вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Файзобод, рақами 11 Хайрулло Асозода, директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти мамлакат Маҳмад Раҳимзода, сардори раёсати ҳуқуқи дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Зафар Азиззода ва раиси шӯрои куҳансолони ҲХДТ Руқия Қурбонова ширкат доштанд.

Вохӯриро раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии МО Раҷабзода Миралӣ   кушода таъкид намуд, ки муҳтавои асосии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар имрӯзҳо миёни сокинони ноҳия ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва мақсад аз вохӯрии имрӯза низ ҳамин   аст.

Сипас назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Файзобод, рақами 11 Хайрулло Асозода баромад намуда сарраввал оиди фаъолияти Маҷлиси намояндагон тӯли як сол назди интихобкунандагон ҳисобот дод. Аз ҷумла Асозода иброз намуд, ки дар ин муддат вакилон дар ҷаласаҳои корӣ беш аз 280 қонун ва таъғирот ба қонуну кодексҳои амалкунандаро қабул намуданд. Баъдан Х.Асозода андешаҳои хешро нибат ба Паёми ба тозагӣ ироа гардидаи сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар баён намуда, онро аз Паёмҳои пешин фарқкунанда маънидод намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар ин дастури айём ҳамаҷониба мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст. Он ҳуҷҷҷати раҳнамоест ба сӯи созандагию бунёдкорӣ, зиндагии шоиставу ободии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон.   Нуктаҳои асосии Паёми имсола ҳамагӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат нигаронида шудаанд. То ба 31фоиз паст рафтани сатҳи камбизоатӣ, ба 73,5 сол баробар гардидани синни миёнаи умр, ҳамчунин ба маротиб кам шудани фавти модару кӯдак, ки дар Паём зикр ёфт, шаҳодати сол то сол беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии мардум аст, -иброз намуд Х.Асозода.

Сипас директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти мамлакат Раҳимзода Маҳмад зимни суханронии худ таъкид дошт, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия такмил дода шаванд. Ва ҳамаи ин тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.

Баробари дигар тағйиротҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла дар   қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид бар он шудааст, ки минбаъд на танҳо волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон, балки фарзандони ба балоғат расида низ барои нигоҳбонии падару модари худ масъул мебошанд.

Сардори раёсати ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Зафар Азиззода ҳам атрофи зарурати қабули таъғироту илова ба Қонуни асосии кишвар ҳарф зад, ки қабули он имкон   медиҳад, ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил ёбад, пеш равад ва халқи Тоҷикистон ба мақсадҳои олии худ ноил гардад.

Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шудаанд.

Раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия   Қурбонова   атрофи Паёми Пешвои миллат   ҳарф зада, шукргузорӣ аз оромию осудагӣ ва тинҷию амонии кишвар кард ва ҳамагонро даъват намуд, то ба қадри ҳамаи ин ва заҳматҳои шабонарӯзии созандагии Сарвари давлат бирасем.

Дар анҷоми вохӯрии мазкур   раиси ноҳия   Раҷабзода Миралӣ барои чунин як суҳбати пурмуҳтавою ҷолиб   аз номи ҳозирини вохӯрӣ ба меҳмонон сипосгузорӣ намуда, таъкид бар он кард, ки мардуми ноҳияи Файзобод барои амалисозии дастурҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии мамлакат кӯшиши хешро дареғ намедоранд.

«НФ»