БОЙГОНӢ
АЁДАТИ МОДАРОНИ САДСОЛА
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
05 Март 2020
- Опубликовано 05.03.2020 16:27
Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 2 то 6 март дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ «Рӯзи Модар» таҷлил мегардад.
Дар арафаи Рӯзи модар раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва муовинони раис ба аёдати 12 нафар модари синашон аз садсола боло омада, эшонро самимона муборакбод намудаанд. Ҳамчунин зиёда аз 65 модарони навадсолаи ноҳия, 10 нафар бонувони нобино ва занону модарони собиқадори ноҳия аз номи Мақомоти иҷроияи ҳукимияти давлатии ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Тайи ду рӯзи охир бошад дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо ба муносибати «Рӯзи модар» ҷамъомадҳои идона бо иштироки занону модарон доир гардид.
С. Тилло.