Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БОЙГОНӢ

Э Ъ Л О Н

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИНИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак – 1 ҷой маоши вазифавӣ 936 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – 1 ҷой маоши вазифавӣ 768 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари бахши фарҳангӣ назди мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 768 сомонӣ.

Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Меҳробод - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 894 сомонӣ.

Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиев - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 894 сомонӣ.

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Вашгирд - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 894 сомонӣ.

Сармутахассис муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти Вашгирд - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 894 сомонӣ.

Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Файзобод - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 894 сомонӣ.

Сармутахассис муҳандис - заминсози Ҷамоати шаҳраки Файзобод - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 894 сомонӣ.

Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Мискинобод – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 894 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 732 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Мискинобод оид ба рушди   иҷтимоӣ - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 732 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Мискинобод - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 732 сомонӣ.

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Бӯстон - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 732 сомонӣ.

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҷавонон - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 732 сомонӣ.

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 732 сомонӣ.

Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Мискинобод - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 732 сомонӣ.

Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Мискинобод оид ба корҳои омори - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 600 сомонӣ.

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

- барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис – таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии корӣ;

- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ - таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии корӣ;

- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис – таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ.       

Довталабон ба комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

1.Ариза ба номи раиси ноҳия барои иштирок дар озмун.

2.Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 3 дона расми андозаи 3х4

3.Шарҳи ҳол.

4. Нусхаи шиноснома.

5. Нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом).

6. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

7. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 086У

8. Маълумотнома аз нозироти андоз.

9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда.

Ҳуҷҷатҳои довталабон дар давоми 21 рӯзи баъди нашри эълони озмун дар шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия қабул карда мешаванд.                                                                                                            

Комиссияи озмун.