Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БОЙГОНӢ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ЧАШМАСОР

Баргузории иду ҷашнҳо дар марказҳои Ҷамоатҳои деҳот анъана шудааст. Аз ҷумла таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Ғалаба дар маркази деҳоти Қалъаидашт ва иди Ваҳдати миллӣ дар Мискинобод соли гузашта то дерҳо дар хотираҳо нақш баст. Имсол бошад дирӯз таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар деҳоти Чашмасор баргузор шуд. Саҳни муассисаи таълимии деҳаи Дурахшон ҷойи баргузории чорабинии ноҳиявӣ интихоб шудаву сокинони ҷамоати мазкур ба он омодагии махсус дидаанд. Баробари намоиши дастранҷи меҳнатии сокинони ҷамоат ҳамчунин ҳунарҳои мардумии онҳо манзури меҳмонону ҳозирин гардонида шуд.

Гӯшаҳои идона ороёфтаи намояндагони дигар ҷамоатҳо низ тамошобинони зиёд дошт.

Аз чеҳраи ҳозирин аён буд, ки ҳамагон табъи болида аз осмони софу оромии кишвар, ки самари асосии Ваҳдати миллист   ба худ доранд. Зери садои мусиқӣ ва шамоли форами   Қалъадашт чорабинии идона оғоз ёфт. Меҳмонон аз намоишгоҳи оростаи ҳозирин дидан карданд. Сипас раиси ноҳия, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии мамлакат Раҷабзода Миралӣ   меҳмонону ҳозирини ҷамъомадро самимона муборакбод намуда қайд кард, ки сокинони меҳнатқарину ватандӯсти ноҳия дар фазои сулҳу ваҳдати комил кору зиндагӣ карда, пайваста саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор гузоранд

Ҳамчунин намояндаи Ҳукумати мамлакат, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Бахтиёр Худоёрзода аз номи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат сокинони Файзободро ба иди Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд.

Барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони ноҳия, ки бозгӯи ҷоннисорию мардонагии фарзандони барӯманди мамлакат дар роҳ ба сӯи Ваҳдати миллӣ даст додааст, ҳамагонро писанд омад. Чорабинии идонаро сурудҳои дилнишини ҳофизи шинохта Саъдӣ Бӯризод зебу фар бахшид.

«НФ».