Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БОЙГОНӢ

МОДАРОН ТАШНАИ СУЛҲАНД

 

Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси бедории сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, содиқона дӯст доштани Ватан, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва амсоли он аз таҷрибаи талхи таърихи на онқадар дури кишвари азизамон ва вазъи ноороми як қатор кишварҳои ҷангзадаи дуру наздик маншаъ мегирад. Мутаассифона, ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта аз хотири баъзеҳо фаромӯш шудааст, ки бархе аз ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва экстермистӣ пайваста, ҳаёти худро дар хатар гузошта,  обрӯю эътибори падару модар ва хешовандонро мерезонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҷалби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои экстремистӣ вақтҳои охир дар ҳудуди Федератсияи Россия аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ бештар сурат гирифта истодааст, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа аст. Ҷавонон аз ноогоҳӣ, сустиродагӣ пайрави гурӯҳҳои тундраву иртиҷоӣ мегарданд. Шояд аз тарбияи нокифоя, шояд аз беназоратии волидайн ё атрофиён. Далели аз як деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасор наздики 41 нафар, ки 14 нафаршон занонанд, ба доми ифротгароён афтода, имрӯз бо занҳою кӯдакони хурдсоли худ ба давлати ҷангзадаи Сурия рафтаанд, моро меҳмони хонадони модари яке аз ин нафарон намуд.

Розия Мӯминова, модари 57-сола, ки аз бемории шадиди қанд азият мекашид, рӯ ба рӯ ба мо аз тақдири чор писараш, ки барои кор ба Русия рафтанду бо кадом сабабе имрӯз дар хоки Сурия ҳастанд, нақл мекард. Зубайдулло бо ҳамсару се фарзандаш, Ҷалолиддин бо ҳамсару як фарзандаш, Қиёмиддину Меҳроҷиддинам, ки ҳанӯз оиладор нестанд, дар куҷоянду чӣ ҳол доранд ману падараш бехабарем, - ҳасрат кард ин зан. -  Писаронам бачаҳои хубанд. Ба касею чизе кор надоштанд. Онҳо хатмкардаи мадрасаи исломӣ буданд. Зубайдулло дар ҳавлиамон манзил сохтанӣ буд. Хост Русия пулкоркунӣ раваду хонаашро созад. Рафту баъди соле ҳамсару бародаронаш. Онҳо гоҳ-гоҳ занд мезаданд, ҳоло бошад тамоман не. Ду писари дигарам Илҳомиддину Абдулҳақ имрӯз дар Русияанд. Онҳоро ҳар доим таъкид мекунем, ки мабодо ба доми касе наафтанд. Чун шамъ дар фироқи фарзандон месӯзаму об мешавам. Хонаи он касе, ки писаронамро бероҳа кардаанд, сӯзад. Охир, имрӯз ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки дар фазои озод, сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии миллат кору зиндагӣ мекунем. Агар онҳо шири сафеди маро қадр кунанду андаке ҳам бошад, биандешад, ки дар ҳарду олам аз онҳо ризоманд бошам, силоҳи худро ба замин партоянду аз роҳи хатои интихобкардаашон гашта, оғӯши меҳру муҳаббат ба сӯи ҳамдигар кушоянд. Ва агар ба қадри чунин рӯзҳои неке, ки бо ивази ҷони садҳо ҷавонмардон насибамон гардидааст, нарасанд, кӯр мешаванд. Дигар чӣ гӯям…

Дар «Чашмасор» ба мо гуфтанд, ки чанд вақт пеш сокини дигари ҳамин деҳа Раҷабмурод Маноновро бо ҳамсару се кӯдаки хурдсолаш, ки нияти ба Сурия рафтан доштанд, мақомотҳои қудратӣ аз Туркия дошта ба Тоҷикистон баргардониданд. Раҷабмурод 14 сол ҳукми ҳабс гирифта ҳамсараш Гулдаста Саидова бо чор фарзандаш зору ҳайрон. Бо Гулдаста дар хонаи Розия Мӯминова, ки пайванди хешутаборӣ доштанд, вохӯрдем. Ба суоли мо «Чӣ шуморо водор кард, ки бо чор кӯдаки хурдсол нияти ба Сурияи ҷангзада рафтанро кардед?» Гулдаста бо чеҳраи ғамолуд канда-канда ҷавоб мегуфт: «Замин гирифтем дар болои деҳа. Чанд хоначаи муваққатӣ сохтем. Раҷабмурод гуфт, ки Русия мераваду хонаамонро месозад. Рафту баъди 5 моҳ таъйин кард, ки ман бо кӯдаконам биёяму якҷоя кор кунем. Рафтам. Баъди як рӯз Раҷабмурод ба ман гуфт, ки ба дигар ҷой коркунӣ меравем. То лаҳзае, ки моро дар хоки Туркия боздошт нанамуданд, ба куҷо рафтану дар куҷо буданамро намедонистам. Имрӯз Раҷабмурод паси панҷараю ман бо чор кӯдак (Абдуллои яксола ҳангоми дар ҳабс будани падараш таваллуд шудааст) дар хонаи хусуру хушдоманам. Раҷабмурод сахт пушаймон шудааст, лек чӣ илоҷ?! «Мушти баъди ҷанг ба ёд омадаро дар сари худ бизан»- гуфтаанд.

Бо ин бонувон суҳбат карда андеша маро ба дуриҳои дур бурд. Модарон аз азал синаи раҳму сарчашмаи меҳранд. Ваҳдатхоҳу посбони бошарафи тинҷию оромӣ, ташнаи сулҳу субот. Худо накунад, агар дар ягон гӯшаи олам ҷангу ҷидоле сар занад, пеш аз ҳама дили онҳо хуну озурдаю моломоли дарду ғам мешавад. Рӯзи сафед дар назарашон шоми тору ҷони фарзандону манзили орзуҳояшон зери хатар менамояд. Ба ёд меояд оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади бунёди давлати исломӣ оғоз гардида, боиси марги даҳҳо ҳазор фарзандони бегуноҳ гардид. Ин дарс сабақ нагардидааст, ки баъзе ҷавонони мо ба суханҳои ваъдаомези «баъзеҳо» бовар карда, гумроҳона худро ба доми бало меандозанд, ҳаёти ҷавонии худро месӯзонанд. Вақте дар бораи шахсияти ин ҷавонон пурсон мешавӣ аз масъулон сар карда то наздикон «бачаҳои тарбиятгирифта буданд, дар мактаб нағз мехонданд, касеро озор намедоданд…» гаштаю баргашта мешунавидем мо.

Модар вақти гусел то дари хонааш мегуфту мегирист. Худовандро илтиҷо мекард, ки фарзандони роҳгумкардаашро ба роҳи рост ҳидоят намояду онҳоро аз вартаи ин балоҳои азим эмин нигоҳ дорад!

М.ТАҒОЕВА, хабарнигори «Набзи Файзобод».