Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БОЙГОНӢ

ҲИСОБОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ ДАР РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2017

Муҳтарам вакилони халқ!

Ҳозирини гиромӣ!

Соли 2017 ҳамчун соли саршор аз воқеаҳои муҳиму фараҳбахши сиёсиву фарҳангӣ ва дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ дар саҳифаҳои таърихи кишварамон сабт мегардад. Дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, ки соли 2017 дар кишварамон ба даст омадаанд, бозгӯи равшани ифтихору шукргузории мардуми кишварамон аз файзи замони соҳибистиқлолӣ, дастгирии комили сокинон аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд.

Рӯйдодҳои сиёсиву фаҳангӣ дар ҳаёти сокинони ноҳияи Файзобод низ нақши муассир гузошта, онҳоро дар роҳи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 ва зимни сафарҳояшон ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат баён доштанд ва амалисозии нақшаҳои тарҳрезигардида рӯҳбаланд намуданд.

Соли 2017 ба дастгоҳи раиси ноҳия 68 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки ҷиҳати иҷрои онҳо 34 қарори раиси ноҳия қабул гардида, 11 нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст.

Дар давоми сол 45 маҷлиси назоратии раиси ноҳия доир карда шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 50 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Инчунин дар ин давра 1129 қарори раиси ноҳия марбут ба масъалаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия қабул гардидааст, ки иҷрои онҳо зери назорати доимӣ қарор дорад.

Дар ин давра ба дастгоҳи раиси ноҳия 3704 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, 1400 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон 80 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба дастгоҳи раиси ноҳия аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Ҳамаи ин муроҷиатҳо дар муҳлатҳои пешбининамудаи қонун баррасӣ гардида, ҷиҳати иҷрои онҳо аз тарафи шахсони мутасаддӣ чораҳои зарурӣ андешида ба муаллифон дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавоб дода шудааст.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дар кори баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳанӯз камбудию норасоиҳо ҷой доранд. Баъзан муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи муовинон ба сохторҳои дахлдор фиристода шудааст, аз ҷониби мутасаддиён-роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия, хусусан, кумитаи идораи замин, сармеъмор ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сари вақт ва ба таври зарурӣ ҳаллу фасл карда намешаванд, ки ин ҳолат боиси муроҷиатҳои такрории шаҳрвандон, ё худ ба мақомотҳои болоӣ муроҷиат намудани онҳо мегардад.

Соли 2017 дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо ҷалби маблағҳои соҳибкорону сокинони маҳал ва истифода аз барномаҳо корҳои зиёди ободонӣ, аз ҷумла се бунгоҳи тиббӣ, хати равшаннамоӣ, пули мошингузар дар деҳаи Ҷавонон, хатҳои оби нӯшокии деҳаҳои Арзанова, Муллотуғма ва Чаноро сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар ҳудуди деҳоти Ҷавонон сохтмони як муассисаи таълимӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, сохтмони Маркази саломатӣ босуръат идома дорад. Сокинони деҳоти мазкур баҳри ободонию кабудизоркунии ҳудуди деҳаҳо, хусусан шоҳроҳ кори зиёдро ба сомон расониданд, ки сазовори зикру миннатдорист. Дар ин баробар дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод ва шаҳраки Файзобод низ як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Вале мутаассифона дар бобати иҷрои корҳои ободонӣ, сафарбар намудани сокинон ба иҷрои вазифаҳои дар наздамон истода Ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи дашт ва Мискинобод беаҳамиятӣ зоҳир намуда, иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташударо, алалхусус ҷиҳати ободонию кабудизоркунии шоҳроҳ, сари вақт ва бо сифати зарурӣ анҷом надоданд.

Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи мунтазам амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия болоравии нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ таъмин карда шудаанд.

Дар 11 моҳи соли 2017 иҷрои буҷа дар қисми даромад ба андозаи 35866,7 ҳазор сомонӣ ё 99 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 3583,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар қисми хароҷот бошад, 34843,1 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шудааст, ки ба 97 фоизи нақша баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1743,1 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, ба буҷа аз ҳисоби андозу пардохтҳо ба ҷои 13232,2 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда 13351,7 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 119,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 101 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил менамояд.

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмӯъ бо дарназардошти хароҷот ба андозаи 89 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 1246,2 ҳазор сомонӣ кам аст.

Дар ин давра дар асоси «Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо» аз ҷониби бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия ва комиссияи хусусигардонӣ 2 музояда гузаронида шудааст, ки дар онҳо ба маблағи 303786 сомонӣ амволи давлатӣ фурӯхта шудааст. Аз ин маблағ то ин давра ба буҷаи маҳаллӣ 262734 сомонӣ ворид гардонида шудааст. Натиҷаи фаъолияти нокифояи бахш аст, ки иншооти зиёди хусусигардонидашуда дар ноҳия солҳои зиёд бекор мехобад, аксари онҳо вайрону валангор гардидаанд, соҳибмулкҳо бошанд барои ба кор даровардани онҳо чорае намеандешанд.

Қайд намудан зарур аст, ки соли равон дар ноҳия ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагию ободонӣ кори муайяне ба иҷро расид. Аз ҷониби соҳибкорон Комилов Шариф, Идиев Истам, Орипов Абулқосим ба истифода додани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳраки Файзобод, бо ташаббусу маблағҳои сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорон ба истифода додани бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Офтобрӯя, Сари чашма ва Оби сангбур, майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Арзанова, Ҷавонон ва шаҳраки Файзобод, мумфарш намудани роҳи кӯчаи Розиқзода дар шаҳраки Файзобод мисоли равшани рушди соҳибкории хурду миёна дар ноҳия ва саҳми онҳо дар ободии диёр мебошад.

Боиси зикру ифтихор аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар қатори соҳибкорон сокинони ноҳия, саховатмандону аҳли ҷамоатчигӣ низ ба рушду ободонии диёр таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ободу зебо намудани шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар ҳудуди ноҳия, шаҳраку деҳот саҳми сазовор гузоштанд. Натиҷаи ҳамин ташаббусҳои ватандӯстонаи сокинон буд, ки дар ин давра дар ду тарафи шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш корҳои тахту ҳамворсозии талу теппаҳо иҷро гардида, беш аз 30 ҳазор адад дарахтони арча ва 5000 гулбуттаҳо шинонида шуданд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия зиёда аз 85 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳанда ва гулбуттаҳо шинонида шуд.

Боиси хушнудист, ки соли равон дар ноҳия бо ҷалби лоиҳаҳои амалкунанда корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Аз ҷумла дар ин давра бо ибтикори Барномаи Оғохон дар деҳаҳои Лолагӣ, Арзанова, Кенҷаобод се адад лоиҳаҳои хатҳои оби нӯшокӣ амалӣ карда шуданд, ки маблағи умумии ин лоиҳаҳо 2237 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар деҳаҳои Дараи гӯсфандак, Муллотуғма ва Чаноро бо ҷалби маблағҳои Созмони ҷаҳонии “Барномаи озуқа” ташкилоти байналмилалии “Наҷоти Арал” ба маблағи 114 ҳазор сомонӣ хатҳои оби нӯшокӣ кашида шуданд. Ҳамин гуна лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби барномаҳои “Лоиҳаи Сино” ва ташкилоти “Хорвест Коррея” ҷиҳати таҷҳизонидани марказу бунгоҳҳои саломатӣ амалӣ карда шуданд, ки маблағи умумиашон ба 385,5 ҳазор сомонӣ баробар аст. Барномаҳои номбурдаи соҳаи тандурустӣ сохтмони марказҳои саломатиро дар деҳаҳои Дубеда ва Орифон идома дода истодаанд. Умуман дар маҷмӯъ соли 2017 дар ноҳия ба маблағи 6 миллиону 659 ҳазор сомонӣ барномаҳо амалӣ карда шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 3 миллиону 149 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Муҳтарам вакилон!

Ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи муҳиму асосии иқтисодиёти ноҳия соҳаи кишоварзӣ буда, баҳри рушди он пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 161 миллиону 4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 6 миллиону 791 ҳазор сомонӣ камтар аст. Кишоварзони ноҳия дар давраи тирамоҳи соли 2016 ва баҳори соли 2017 дар майдони 3743 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузарониданд ва аз ҳар гектар 17,8 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Соли равон деҳқонони ноҳия дар майдони 729га. кишти картошка, 559га. кишти сабзавот гузарониданд, ки нисбат ба соли 2016 97га картошка кам ва 27га. сабзавот зиёд буд. Кишоварзони ноҳия ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 395га боғу токзорҳои нав бунёд намуданд. Дар баробари ин бояд қайд намоям, ки бунёд ва нигоҳубини боғу токзорҳо ҷавобгӯи талабот нест. Дар баъзе боғҳо, аз ҷумла боғи намунавии Дашти марзо қоидаҳои агротехникӣ риоя нагардида як қисм ниҳолҳо аз беобӣ ва нигоҳубини нокифоя хушк гардидаанд ва қисмати дигарашон хеле суст инкишоф меёбанд.

Дар давраи ҳисоботӣ чорводорони ноҳия ширҷӯширо аз ҳар сар модагов ба 1317 киллограмӣ расонида, 9983 тонна шир истеҳсол намуданд. Дар ин давра саршумори ҳайвони калони шохдор ба 43042 сар, бузу гӯсфанд ба 104890 сар, асп ба 1323 сар, замбӯри асал ба 7706 оила расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016 279 сар ҳайвони калони шохдор, 3053 сар бузу гӯсфанд, ва 4 оилаи замбӯри асал зиёд аст. Мутаассифона роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мутасаддиёни соҳа то ҳол дарк накардаанд, ки мақсад аз таҷдиди хоҷагиҳо ривоҷи соҳа, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва афзун намудани саршумори чорво буд, на несту нобуд кардани он. Масалан хоҷагиҳои деҳқонии Қалъаи дашт, Элок, ба номи Исмоили Сомонӣ ва Меҳробод имрӯз ягон сар чорво надоранд, вале ҳар кадом бештар аз ҳазор гектарӣ чарогоҳҳоро дар истифодаи худ қарор додаанд, дар шароите, ки чорводорон, хусусан сокинони деҳаҳо аз нарасидани чарогоҳ шикоят мекунанд. Ҳамин тариқ хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва нафарони алоҳида, ки дар ихтиёрашон чорво надоранд, заминҳои чарогоҳро дар ихтиёри худ қарор додаанд, ки онро ғайримақсаднок истифода менамоянд.

Ҷиҳати амалӣ намудани дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии картошкаю сабзавот, самараноку мувофиқи мақсад истифода бурдани заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва бунёди боғҳои содиротӣ тадбирҳои мушаххас андешидан зарур аст.

Дар ин давра сохтмончиёни ноҳия аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба андозаи 29242,4 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру сохтмониро иҷро намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1111,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ дар маҷмӯъ ба 9144,4 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 774,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми маҳсулоти дар ин корхонаҳо истеҳсолшуда нисбат ба иқтидорҳои корхонаҳои мавҷуда хеле кам аст. Бунёди коргоҳҳои саноатӣ низ ғайриқаноатбахш аст. Масалан, дар ноҳия, ки сокинонаш масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла хишту сементро берун аз ноҳия дастрас менамоянд, метавонистем корхонаҳои истеҳсоли ин масолеҳро бунёд намоем. Аз 19 адад чунин корхонаҳо 4 адади он тамоман фаъолият накарда, 9 адади дигараш истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Идораи бисёрсоҳавии манзилию коммуналӣ дар давраи ҳисоботӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ машғул гардида, дар ин соҳа ба маблағи 686,5 ҳазор сомонӣ корҳоро анҷом дод. Бояд қайд намуд, ки кори корхона дар бобати обрасонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрак, сабзонидани дарахтони ороишию гулбуттаҳо ба беҳбудии куллӣ ниёз дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ сохторҳои марбут ба иҷтимоиёту фарҳанг дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда як қатор корҳоро анҷом доданд. Онҳо пайваста мекӯшанд, ки дар баланд бардоштани маънавиёти мардум дар ҷомеа саҳми босазо гузоранд.

Боиси қайд аст, ки дар беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани онҳо як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра як муассисаи таҳсилоти асосӣ барои 100 ҷойи нишаст дар деҳаи Кӯлобиён ва дар назди 8 муассисаи таълимӣ барои 880 ҷойи нишаст ба маблағи 362 600 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар кори ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои нишасти иловагӣ саҳми волидайни хонандагон ва соҳибкорону саховатмандони ноҳия назаррас аст. Бо дастгирии мақомоти иҷроия ва ҷалби дигар саховатмандону сокинон дар деҳаи Навобод барои 200 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Меҳрободи боло барои 100 ҷойи нишаст муассисаҳои таълимӣ сохта шуда истодаанд, ки дар фурсатҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1200 хонанда дар деҳаи Элок аз ҳисоби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии халқии Хитой бо маблағи 18 миллион сомонӣ оғоз гардид. Инчунин соли равон дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Бӯстон муассисаҳои томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон, ки дар назди шаш муассисаи таълимӣ амал менамоянд, бо таҷҳизоту маводҳои таълимӣ таъмин гардида, дараҷаи ихтисосмандии омӯзгорон ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ куллан беҳтар гардид. Соли 2017 аз шумораи 1501 нафар хатмкардагон 1102 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, 231 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 490 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил гардиданд. Дар маҷмӯъ 721 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби номи донишҷӯ гардиданд, ки нисбат ба соли 2016 20 фоиз зиёд аст.

Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 737 компютер ва 205 принтер мавҷуд аст, ки ба 11 хонанда як компютер рост меояд ва ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондиҳандаи хуб аст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхонаҳои ноҳия 5021 нафар беморон муолиҷа гирифтаанд. Дар ин давра дар бобати сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин намудани онҳо кори зиёде анҷом дода шуд. Чӣ тавре дар боло қайд кардем соли 2017 сохтмон ва таъмиру таҷҳизонидани марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ бо ҷалби барномаҳои амалкунандаи “Лоиҳаи Сино”, ташкилоти “Хорвест-Корея”, ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва сокинони маҳалҳо идома ёфт.

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ин давра ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани ҳолати санитарии корхонаю ташкилотҳо ва пешгирии касалиҳои сироятӣ кори муайянеро ба иҷро расонид. Дар ин давра аз ҷониби хадамот 432 маротиба рейду санҷишҳои санитарию гигиенӣ гузаронида шуда, 74 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои вайрон намудани талаботҳои санитарӣ ба маблағи 8250 сомонӣ ба ҷаримаи маъмурӣ кашида шудаанд. Дар баробари ин бояд зикр кард, ки дар кори марказ ҷиҳати беҳдошти ҳолати санитарӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ камбудиҳо кам нестанд. Директори марказро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ гардонидани маҳалҳо, хусусан шаҳраки Файзобод, ба низом овардани кори муассисаҳои савдо ва бозору фурӯшгоҳҳо чораҳои муассир андешида, назоратро дар ин соҳа пурзӯр намояд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 дар ноҳия 1441 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 54 хатнасӯр, ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон тӯйи хатнасури 75 нафар кӯдакони ятиму аз оилаҳои ниёзманд доир карда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари корҳои иҷрогардида дар кори бахш, хусусан ҷиҳати таъмини талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” камбудию норасоиҳои зиёд ҷой доранд. Ҳанӯз ҳам дар баъзе маъракаву маросимҳо зиёдаравиҳо дида мешаванд.

Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро зарур аст, ки аз камбудиҳои ҷойдошта хулосаҳои даркорӣ бароварда, баҳри ислоҳи онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, баҳри иҷрои Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ва дигар барномаҳои давлатии соҳа миёни занҳо корҳои ташвиқотию таблиғотӣ бурда, барои фаъол гардонидани нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия кори муайянеро ба сомон расонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиш миёни ҷавонон кори муайяни тарбиявию оммафаҳмонӣ гузаронида шуд. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, ки нишонаи таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат ба насли ҷавони кишвар аст, ба ҷавонони ноҳияи мо низ рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Бахш бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, донишандӯзӣ, тарбияи насли наврас, семинару машваратҳо ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ба нақша гирифта, амалӣ намуд. Дар баробари ин бояд қайд намоем, ки фаъолияти бахши мазкур боз ҳам беҳтаршавиро тақозо менамояд, зеро дар шароити имрӯза, ки қувваҳои иртиҷоӣ, ташкилоту гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба ҷалби ҷавонон машғуланд, бахши кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки баҳри дар ҷавонон тарбия намудани ҳисси баланди ватанпарастӣ, дарки масъулияти баланд дар назди миллату давлат, ҳисси ифтихор аз Ватану миллат ва гузаштаи пурифтихори наслҳоямон пайваста талош варзад.

Дар ин давра дар мақомоти шуғли аҳолӣ 705 нафар шаҳрвандони корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 258 нафарашон занҳо мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ ташкилоту корхонаҳо 361 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод карданд. 694 нафар корҷӯён ба курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи касбҳои дӯзандагӣ, маҳсдармонӣ, технологияи компютерӣ ва муҳосибӣ ҷалб карда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки кори мақомоти шуғли аҳолӣ дар бобати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ, адрасу атласбофӣ ва ба занон омӯзонидани ин ҳунарҳо ғайриқаноатбахш аст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 моро водор менамояд, ки дар ин самт чораҳои судманд андешида, ба эҳё ва ташвиқу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ диққати бештар зоҳир намоем.

Дар 9 моҳи соли 2017 дар ҳудуди ноҳия 1337 ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла 413 ҷойи кори доимӣ, 450 ҷойи кори мавсимӣ ва 451 ҷойҳои кори муваққатӣ таъсис дода шудааст.

Дар ноҳия нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси ноҳия “Набзи Файзобод” амал мекунад. То ин муддат 18 шумораи нашрия бо маводҳои ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бахшидашуда рӯи чоп омад. Бояд зикр кард, ки сифати чопи нашрия ва мазмуну мундариҷаи он беҳтаршавиро тақозо менамояд.

Дар ин давра ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимони кулл, иштирокчиёни садамаи Чернобил, маъюбони ҷанги Афғонистон, шахсоне, ки дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ кору фаъолият намудаанд ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи умумии 296601 сомонӣ кӯмакҳо расонида шудааст. Дар арафа ва рӯзҳои ҷашнҳои Наврӯз, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идҳои мазҳабиамон ба маъюбону ниёзмандон, иштирокчиёни фоҷеаи Чернобил, ҷанги Афғонистон, маъюбони нобино ва дигар табақаҳои ниёзманд бо ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ 26650 сомонӣ ва бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон ба маблағи 269951 сомонӣ кӯмакҳои пулию моддӣ расонида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз дар соҳаи маънавиёт камбудиҳо ҷой доранд. Зарур аст, ки корро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, тарбияи сокинони ноҳия дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва ифтихор аз Ватану миллат, омӯзиши таъриху фарҳанги миллат беҳтар намуда, дар сафарбар намудани сокинони ноҳия баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани диёр, тарбияи насли сазовор чораандешӣ намоем.

Муҳтарам вакилони мардумӣ!

Ҳозирини гиромиқадр!

Соли 2018 барои мардуми кишварамон соли муҳими сиёсӣ ва амалисозии нақшаҳои калони иқтисодӣ аст. Дар назди сокинони ноҳия ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия вазифаҳои азим меистад. Моро зарур аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия ва ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидан кӯшишу ғайрат намоем. Дар роҳи иҷрои нуктаю хулосаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли равон баён гардиданд, ҷаҳду талош варзида, ҷашнҳои мубораку муқаддаси миллиамон 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21- солагии Ваҳдати миллиро бо дастовардҳои сазовори меҳнатӣ таҷлил намуда, дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми муносиб гузорем.