Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БОЙГОНӢ

ТАБРИКОТИРАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2018

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2017 бо рӯйдодҳои муҳими фарҳангию сиёсии худ дар саҳифаҳои таърихи пуршарафи Ватанамон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Дар ин сол таҷлил  гардидани 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою рангини Ватанамонро бо саҳифаҳои наву фараҳбахш боз ҳам рангинтар гардониданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (22 декабри соли 2017) аз муҳимтарин воқеаи сиёсии кишвар маҳсуб мегардад.

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2017 барои сокинони ноҳияи Файзобод низ соли пурфайзу бобарор буд. Дар ин давра дар қаламрави ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, даҳҳо иншооти маъмурию иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар соҳаҳои иқтисодии ноҳия, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, фарҳангу маънавиёт пешравиҳои дилхоҳ ба даст омаданд.

 Дар ин сол дар ноҳия соҳибкорӣ рушди тоза касб намуда, иштироки бахши хусусӣ ва сокинони ноҳия дар ободонии диёр боз ҳам беҳтар гардид. Дар ду тарафи шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш корҳои тахту ҳамворсозии талу теппаҳо иҷро гардида, беш аз 30 ҳазор адад дарахтони  арча ва 5000 гулбуттаҳо шинонида шуданд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия зиёда аз  85 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳанда ва гулбуттаҳо  шинонида шуд. Дар масофаи беш аз 30 километр дар шоҳроҳ ниҳолу гулбуттаҳои шинонидашуда панҷарабандӣ карда шуда, дар марказҳои Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, Ҷавонон ва кӯчаи Розиқзода хатҳои равшаннамоӣ сохта шуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроия ва ҷалби маблағҳои соҳибкорону сокинони маҳалҳо дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо дарозии 23 метр ва  дар ҳудуди деҳоти Меҳробод аз болои дарёи Элок пули мошингузари дарозиаш 250 метр сохта ба истифода дода шуд. Роҳи маркази ноҳия дар масофаи 3,5 километр бо маблағгузории фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш карда шуд.

Бо ҷалби маблағҳои Барномаи Оғохон, Созмони ҷаҳонии “Барномаи озуқа”, ташкилоти байналмилалии “Наҷоти Арал” дар деҳоти ноҳия бо маблағи умумии 2351 ҳазор сомонӣ лоиҳаҳои хатҳои оби нӯшокӣ амалӣ карда шуданд. Ҳамин гуна лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби барномаҳои “Лоиҳаи Сино” ва ташкилоти “Хорвест Коррея” ҷиҳати таҷҳизонидани марказу бунгоҳҳои саломатӣ амалӣ гардид, ки маблағи умумиашон ба 385,5 ҳазор сомонӣ баробар аст. Умуман дар маҷмӯъ соли 2017 дар ноҳия ба маблағи 6 миллиону 659 ҳазор сомонӣ барномаҳо амалӣ карда шуданд.

Ҳамдиёрони азиз!

Бояд гуфт, ки соли оянда дар назди сокинони ноҳия ҷиҳати иҷрои корҳои созандагию ободонӣ вазифаҳои ниҳоят зиёду масъулиятнок меистад. Нақшаҳо дар ин бобат хеле зиёданд.  Сокинони ноҳияамон баҳри сазовор истиқбол намудани санаи муҳими миллиамон-27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд. 

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии соли нави мелодии 2018-ро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи ҳамдиёрон саломатӣ, бахту саодат, бурдбориҳо  ва ба ҳар як хонадони ноҳия файзу баракат орзу менамоям.