Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

БОЙГОНӢ

ХУШ ОМАДӢ, СОЛИ УМЕДУ ОРЗУҲОИ НАВИН

 

Соли 2017 ба  саҳифаҳои таърихи рӯзгори ҳар кадоми мо  ҷо гирифт. Хуб буд ва  ё бад, акнун танҳо дар ёдҳо боқӣ мемонад.  Ҳамчун нақше дар санг, ки наметавон онро  коркард намуд  ва ё аз нав сохт. Барор дошт ва  ё каму костие ҳамаро бо худ бурд, соли рафта.

Воқеан ҳам, ин сол  барои  мардуми сарбаланди  Тоҷикистони азизи мо  саҳифаҳоеро во кард,  бо домони хеле  пур аз дастовардҳои хотирмон.   Агар бигӯем, ки  соли рафтаи 2017, солест  бо рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи  сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ,  хато нахоҳем кард. Зеро ҳамаи ин рӯйдодҳо  дар таърихи мамлакат  ва  рӯзгори ҳар кадоми мо нақши рӯшане ҳаккокӣ кард.

Дар ин сол ба таърихи  Ваҳдати мо, ки ба даргириҳои дохиливу ҷанги бародаркуш хотима  гузошт, бист сол сипарӣ шуд. Бо гузашти бист сол Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба давлати қудратманду тавоно, сулҳофару ташаббусҳои навин табдил ёфт. Маҳз нангу номуси ватандорӣ, ақлу заковати азалии миллати  тоҷик  ва фарзанди  сарсупурдаи он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки тарафҳо паси як миз  ҷамъ омадаву тақдири хешро бо дасти  худ навишта намоянд.  Ва маҳз ана ҳамин  таҷрибаи  сулҳофарии давлати тоҷикон барои дигар давлатҳои дар чунин ҳол қарор дошта,намуна эътироф гардидааст. Ҳамин буд, ки  ин санаи тақдирсозро  дар шаҳри ҳамномаш Ваҳдат бо шукӯҳу шаҳомат фаромӯшношуданӣ ҷашн гирифтанд. Он рӯз ҳама сухан аз якпорчагию ваҳдати сартосарӣ мекард.

Соли 2017  корҳои ободонию созандагӣ дар ҳама кунҷу канори Тоҷикистони биҳиштосо ба авҷи аъло расид.  Садҳо коргоҳу иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бунёд шуданд. Муҳимтарин  рӯйдоди ин сол наздик шудан ба яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат, яъне истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи  Паёми навбатии худ рӯзи 22 декабри соли 2017 дар ин хусус баён доштанд, ки «Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо нерӯи барқ бе маҳдудият таъмин намоем».

Соли 2017 барои сокинони диёри файзхезу файзрези мо ҳам нақши  хотирмоне боқӣ гузошт. Бо роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, шахси  дорои маънавиёти баланд  Раҷабзода Миралӣ корҳои бунёдкориву ободонӣ вусъат гирифта, маркази ноҳия ва марказҳои ҷамоатҳои деҳот симои худро ба куллӣ таъғир доданд.  Аз нав мумфарш намудани роҳҳои маркази ноҳия, равшан гардондани  марказҳои ҷамоатҳои деҳот гувоҳи ҳамин амалҳои созандагист. Ҳамаи ин  ташаббусҳои   созанда давоми соли 2017 саҳифаҳои «Набзи Файзобод»-ро  рангин сохтанд.

Ҳамаи навгониҳои дар ҷумҳурӣ ва ноҳия рӯи кор омадаро тавассути  саҳифаҳои нашрия ва торномаи интернетии худ барои  хонандагонамон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар инъикос кардем.  Воқеан ҳам шумораи хонандагони саҳифаи интернетии «Набзи Файзобод» дар соли 2017 ба ним миллион расид! Ин шумора  барои  як нашрияи музофотӣ  рақами андак нест! 

Инак, дар соли нави 2018 гомҳои нахустини худро мегузорем ва  дар ин сол пешорӯи мо  воқеаву рӯйдодҳои зиёде қарор хоҳанд гирифт. Пеш аз ҳама омодагиҳо барои мавриди истифода қарор гирифтани  агрегати аввалини  НБО-и  Роғун, ки моҳи декабри соли 2018  бояд мавриди истифода қарор бигирад. Ин рӯйдодест барои Ватану миллат хотирмон. Ба хотири ин рӯйдоди муҳими аср мо, файзободиҳо бояд ҳамаҷониба омодагӣ дошта бошем. Ноҳияро ба як гӯшаи зебову  дидании кишвар табдил диҳем. Зеро шоҳроҳи Душанбе- Роғун ба масофаи  50 километр аз оғоз то анҷоми ноҳияи моро убур мекунад. Ҳазорон меҳмонону сайёҳоне, ки азми сафари Роғун мекунанд, аз ҳудуди ноҳияи мо мегузаранд. Аз ин хотир мароми   ҳар яки мо бо ғайрати дучанд меҳнат намудану  Файзободро ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал сохтан бояд бошад.

Боварӣ бар он дорем,ки зери роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  соли 2018 соли дигаргунӣ, пешрафту  шукуфоӣ ва бунёдкорӣ дар ҳаёти сокинони Тоҷикистони азиз ва диёри мо хоҳад буд.

Аз ин рӯ омади соли нави мелодии 2018-ро барои ҳамдиёрон муборак мегӯем!