БОЙГОНӢ
ТАБРИКОТИРАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
23 Нояб 2017
- Опубликовано 23.11.2017 15:59
Ҳамдиёрони азиз!
Бисту панҷ сол қабл 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти кишвари ҳамон лаҳзаҳо зери хатар қарордоштаамон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Бо тасдиқи Парчами давлатӣ метавон гуфт, ки он рӯз эҳёи давлати миллии тоҷикон оғоз ёфт ва имрӯз бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки ин иҷлосияи тақдирсоз бо интихоби Сарвари давлат ва тасдиқи рамзҳои миллӣ марҳилаи нави таърихи давлатдории тоҷиконро ибтидо гузошта, барои рушди минбаъдаи кишвар шароит фароҳам овард.
19 ноябри соли 2009 бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуда, 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд ва ҳамон сол 24 ноябр бори аввал дар саросари кишвар ҷашни «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Инак соли нуҳум аст, ки ин ҷашни бошукӯҳ дар саросари мамлакат бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ойини парчамдории миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик таърихи хеле қадим дорад. Гузаштагони арҷманди мо дар тӯли ҳазорсолаҳо зери парчами худ саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги хешро ҳифз кардаанд. Аз ин ҷост, ки эҳтирому гиромӣ доштани Парчами миллӣ қарнҳост, ки дар миёни мардум муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шудааст. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо –тоҷикон муқаддас аст.
Хамчун рамзи давлатдорӣ, муқаддасоти миллӣ эътироф гардидани Парчами давлатӣ маънии самимона дӯст доштани ин Ватан, ҳар як ваҷаб хоки он, миллату расму оини миллиро дошта, ҳар як фарди худогоҳро ба арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиамон водор менамояд. Парчам ифодаи нангу номи ҳар як шаҳрванд, баёнгари истиқлолият, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, далели азму иродаи устувори мардуми кишвар мебошад.
Боиси ифтихор ва шарафи бузург аст, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчами бузургтарин давлатҳои олам дар бинои Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ мекунад. Он ба шарафи сафарҳои расмии ҳайатҳои давлатӣ, ғолибияти фарзандони бонангу ори Ватан дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмуну чорабиниҳо ва дигар ҳамоишу маъракаҳои ҷаҳонӣ дар тамоми кишварҳои дунё баланд бардошта мешавад. Халқи шарафманди Тоҷикистон зери ин Парчами муқаддас муттаҳид гардида, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон ҷахду талош меварзад.
Имрӯз сокинони диёри файзрези мо низ чун тамоми мардуми кишвари азизамон бо ифтихор аз истиқлолу озодӣ зери Парчами давлатӣ дар ободии диёр саҳм мегиранд, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз ҷаҳду талош меварзанд, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар саросари мулк парафшон менамоянд ва ба он ҳамчун рамзи давлати озоду соҳибистиқлоли хеш, муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ мекунанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Бори дигар кулли сокинони ноҳияро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо саодату сарбаландӣ, рӯзгори хушу осуда ва барору комёбиҳо таманно менамоям.
Парчамат ҷовидона парафшон бод, Тоҷикистони азиз!