БОЙГОНӢ
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
-
27 Сен 2017
- Опубликовано 27.09.2017 11:08
Омӯзгорони меҳрубон!
Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон - Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлол Иди касбии омӯзгорон - «Рӯзи муаллимон» бо шукӯҳу эҳтироми шоиста таҷлил мегардад. Пешаи омӯзгорӣ воқеан ҳам муқаддастарин касби рӯи олам аст. Рисолати омӯзгорӣ мубориза бар зулмоту ҷоҳиливу нодонӣ, равшан намудани қалбҳо, ташаккули ақлонӣ, зеҳнӣ ва парвариши инсон аст.
Мавлоно Ҷомӣ фармудааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар ҷомеаи мо омӯзгор мақому мартабаи баланд дорад ва бархӯрдор аз эҳтирому арҷгузории аҳли ҷомеа аст. Вақте ки мо омӯзгор мегӯем, пеши назарамон инсони шоиста, ғамхору дилсӯз ва мушфиқу меҳрубон ҷилвагар мешавад, ки бе таълиму тарбия, бе мактабу маориф, бе шогирдон ҳаёташро тасаввур карда наметавонад. Муаллим дар ҳаёти ҳар кадоми мо нақши муҳиме гузоштааст ва саргузашти мо бе номи ӯ, бе фаъолияти ӯ, бе маслиҳату насиҳатҳои падаронаи ӯ тасаввур намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки « Он ҷо, ки зиё аст, дар он нури Худо аст». Аз ин рӯ, мо ҳама бо устодони худ ифтихор мекунем
Боиси фараҳмандист, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муносибати давлату Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф боз ҳам беҳтар гардида, рушди ин соҳаи тақдирсоз ба яке аз рукнҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Имрӯз ҳадафи аз ҳама муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияту пешаи омӯзгорон баҳои баланд дода, аз ҷумла менигорад: «Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда хоҳанд монд».
Вазифаи аз ҳама вазнин, вале пуршарафу муқаддас, тарбияи насли наврас, насли созандаву бунёдкор, ояндаи миллату давлати тоҷик ба уҳдаи Шумо-муаллимони меҳрубон гузошта шудааст. Маҳз заҳмату ҷонфидоиҳои омӯзгорон буд, ки девону дафтари ниёгони сарбаланду некном, бофарҳангу тамаддунсозамон то ба ин рӯзҳои пурсаодати мо расида, мавриди баҳрабардории аҳли башар қарор гирифтааст.
Имсол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо таҷҳизоти навин (миз, курсӣ, тахтаи синфӣ, ҷевони китобмонӣ ва ғайра) таъмин карда шуд. Бо дастгирии сокинони диёр дар деҳаи Кӯлобиён муассисаи таълимӣ барои 100 ҷойи нишаст сохта шуда, чун тӯҳфа ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши хонандагон гардонида шуд. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаи Навобод барои 200 ҷойи нишаст дар як баст, деҳаи Меҳрободи боло барои 100 ҷойи нишаст бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, саховатмандони диёр ва бо дастгирии ассотсиатсияи омӯзгорону падару модарон дар назди муассисаҳои таълимии рақами 26 ва 32 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, дар назди МТА рақами 58 бинои хонаи омӯзгорон оғоз пазируфтанд, ки ҳамаи ин самар аз ваҳдату якдилӣ ва соҳибистиқлолии кишвар аст.
Бояд қайд намоям, ки ба тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саъю талошҳои омӯзгорони азиз соҳаи маориф дар ноҳия рушд дорад. Месазад дар ин рӯзи саид, рӯзи хоси муаллимон номи устодони беҳтарини ноҳия: Тағоев Муродалӣ, Қурбонова Зебуниссо, Иминова Маҳбуба, Содиқов Меҳриддин, Зоиров Назаралӣ, Сангов Маҳмадраҷаб, Абдуллоев Саидаҳмад, Холиқов Баҳриддин, Азимова Умеда, Гурезов Давлат, Султонов Сафар, Довудов Аскар, Ниҳмонов Саъдоншо, Камолова Соро, Иброҳимов Абдулло ва даҳҳои дигарро бо ифтихор ва эҳтироми хоса ба забон орем, ки бо меҳнати ҳалолашон ном бароварда, маҳбуби дилҳо гаштаанд.
Омӯзгорони азиз, иҷозат диҳед бори дигар Шуморо ба иди касбиатон – «Рӯзи муаллимон» самимона муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо, ки дар тарбияи насли наврас – ояндаи миллату давлат саҳми арзанда мегузоред ва барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон шабу рӯз заҳмат мекашед, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам изҳори сипосу миннатдорӣ баён намоям. Ба шумо дар иҷрои вазифаи пуршарафи омӯзгорӣ барори кор ва осоиши рӯзгорро таманно дорам.
Идатон муборак, омӯзгорони азиз!