АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ
ДАСТАРХОН МЕОРОЕМ
- Подробности
- Опубликовано 29.03.2016 16:54
- Просмотров: 1953
Иди зебои сол, иде, ки шуҳрату шаҳоматаш дар ҷаҳон паҳн гаштааст- Наврӯзи оламафрӯз боз қадами неки хешро ба сарзамини зебоямон мегузораду мо, фарзандони ин куҳандиёр бо нишони пос доштани суннату анъанаҳои он хуш омадедаш мегӯем. Ҳамин тавр аз аҳди қадим то ба ин дам Наврӯз айёми баҳор бо гулу сабзаи тар ба ватани азизи мо, ба ҳавлию дари мо қадамҳои худро ранҷа менамояд. Мо таҷлили Наврӯзи хӯҷастафолро бо дона пош додани бобои деҳқон ба замин оғоз менамоем. Бибию модарони мо бо дастони ҳунармандашон суманак мепазанд ва бо нияти дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат ва сабзу хуррам намудани ватани азизи хеш ба наздикони худ тақсим менамоянд. Гулдухтарони зебо бошанд, дастархони идонаи баҳориро бо «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» оро медиҳанд ва дар гирди он ҷамъ омада, рақсу сурудхонӣ мекунанд.
Суҳайло НУРОВА, хонандаи синфи 11, МТМУ №59.