ЭЪЛОН
ЭЪЛОН!
- Подробности
-
20 Сен 2016
- Обновлено 20.09.2016 09:54
- Опубликовано 20.09.2016 09:54
- Автор: Super User
- Просмотров: 1730
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои ишғоли мансабҳои холии зерини хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1.Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 1095 сомонӣ;
2. Мутахассиси пешбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 665 сомонӣ;
3. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Вашгирд – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 774 сомонӣ;
4.Сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Бӯстон – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 774 сомонӣ;
5.Сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 774 сомонӣ;
6.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Вашгирд – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 774 сомонӣ;
7. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Бӯстон (оид ба рушди иҷтимоӣ) – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 634 сомонӣ;
8. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт (оид ба ҷамъоварии андоз) – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 572 сомонӣ;
9.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев (оид ба кишоварзӣ) – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 572 сомонӣ;
10.Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Чашмасор – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 634 сомонӣ;
11.Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Мискинобод – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 634 сомонӣ;
12. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Ҷавонон (оид ба рушди иҷтимоӣ) – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 634 сомонӣ;
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- барои ишғолкунандагони мансаби мудири шуъба – таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ
- барои ишғолкунадагони мансаби сармутахссис - таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии корӣ;
- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоатҳо – таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ.
Довталабон ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
1. Ариза ба номи раиси ноҳия барои иштирок дар озмун
2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона расми андозаи 3х4
3. Шарҳи ҳол
4. Нусхаи шиноснома
5. Нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом)
6. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
7. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 086 У
8. Маълумотномҳо аз нозироти андозҳо
9. Нусхаи РМА
10. Нусхаи билети ҳарбӣ
Ҳуҷҷатҳои довталабон дар давоми 21 рӯз аз рӯзи нашри эълони озмун дар шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия қабул карда мешаванд.
Комиссияи озмун.