ЭЪЛОН
ЭЪЛОН – МУЗОЯДА
- Подробности
-
23 Июнь 2015
- Обновлено 23.06.2015 11:59
- Опубликовано 23.06.2015 11:59
- Автор: Super User
- Просмотров: 1668
Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Файзобод музоядаи 2-юмро оиди фурӯши моликиятҳои давлатӣ тибқи «Низомномаи тартиби фурӯши моликиятҳои давлатӣ» 24-уми июни соли 2015 барпо менамояд.
Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур, дар ноҳияи Файзобод, кӯчаи И. Сомонӣ-47 оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.
Ҷои баргузоршавӣ: толори собиқ бинои Ҳукумати ноҳия, ошёнаи 3-юм, кӯчаи И. Сомонӣ-47.
Фурӯш бо усули англисӣ сурат мегирад.
Музояда соати 10:00 барпо мегардад.
Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда барои иншоотҳо ба 350 нишондиҳанда, барои дигар намуди воҳидҳои амволӣ 15 нишондиҳанда ҳисобҳо барои як Лот баробар аст (бо сомонӣ).
Пардохти кафолатнок бо тариқи нақдӣ ё ғайри нақдӣ супорида мешавад.
Дар ҳолати ғолиб баромадан, Харидор бо ҳисоби Фурӯшанда ба миқдори 5-фоизи боҷи комиссионӣ ва 0,5-фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он бо нархи фурӯши Лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод менамояд.
Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда аз нишонаи зерин фаҳмидан мумкин аст:
Ноҳияи Файзобод, кӯчаи И. Сомонӣ-47. Телефон: код (8-31-35) 3-29-39