Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ЭЪЛОН

ОЗМУН - Эълон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои ишғоли мансабҳои холии зерини хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1) Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия - 1ҷой, маоши вазифавӣ 1340 сомонӣ;
2) Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия - 1ҷой, маоши вазифавӣ 899 сомонӣ;
3) Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 733 сомонӣ;


4) Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия –1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;
5) Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия –1 ҷой, маоши вазифавӣ 546 сомонӣ;
6) Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;
7) Мутахассиси пешбари бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии ноҳия – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;
8) Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 450 сомонӣ;
9) Сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия –1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;
10) Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия- 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549сомонӣ:
11) Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Мискинобод–1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;
12) Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Мискинобод - 1 ҷой, маоши
вазифавӣ 549 сомонӣ:
13) Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чашмасор- 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ:
14) Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Чашмасор – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ:
15) Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҷавонон- 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ:
16) Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати шаҳраки Файзобод – 1 ҷой,
маоши вазифавӣ 670 сомонӣ:
17) Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Файзобод – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ:
18) Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Вашгирд- 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ:
19) Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ:
20) Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиев – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ:
21) Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Бўстон- 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ:


Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- барои ишғолкунадагони мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои котегорияҳои дуюм, ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ, ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои ишғолкунадагони мансаби мудири шуъба таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ,  ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои ишғолкунадагони мансаби мудири бахш таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои ишғолкунадагони мансаби сармутахссис- таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии корӣ;
- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоатҳо – таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии корӣ;
- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ.


Довталабон ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
1. Ариза ба номи раиси ноҳия барои иштирок дар озмун
2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона расми андозаи
3х4
3. Шарҳи ҳол
4. Нусхаи шиноснома
5. Нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом)
6. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
7. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 086 У
8. Маълумотнома аз нозироти андозҳо
9. Нусхаи РМА
Ҳуҷҷатҳои довталабон дар давоми 15 рӯзи баъди нашри эълони озмун дар шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия қабул карда мешаванд.


Комиссияи озмун                    Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия