Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ЭЪЛОН

МИНБАРИ ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш малака ва маҳорати эҷодии ҷавонони лаёқатманд Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони эҷодкор бахшида ба солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” роҳандозӣ намуд. Эҷодкорони ҷавон метавонанд мақолаву ҳикоя, лавҳаву ҳаҷвияҳои тозаэҷоди худро, ки дар он дарси худшиносиву меҳанпарастӣ, тарбияи дурусти насли наврас, гиромидошти муқаддасоти миллӣ таҷассум ёфтаанд, то 10 феврали соли равон дар рӯзномаву маҷалла ва дигар воситаҳои ахбори умум нашр намуда, иштирокчии озмуни мазкур гарданд. Чунин озмунҳо ҳамасола аз ҷониби бахшу шуъба ва раёсатҳои кумитаи мазкур миёни ҷавонон дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои милливу суннатӣ доир мегардад. Ҳавасмандон метавонанд маводҳои худро дар шакли электрониву хаттӣ ба бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия пешниҳод намоянд.

“НФ”.