ЭЪЛОН
“НАБЗИ ФАЙЗОБОД” ОИНАИ РӮЗГОРИ ШУМОСТ, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Обновлено 08.10.2018 10:08
- Опубликовано 08.10.2018 10:08
- Автор: Super User
- Просмотров: 1290
“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе се маротиба бо фарогирии мавзуҳои мубрами рӯз рӯи чоп меояд.
Соли ҷорӣ бо теъдоди 2000 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонанда доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷойи кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500, нусха расонем шумораи ба чанд адад расидани хонандагони мо аллакай маълум мешавад.
Маъракаи обуна барои соли 2019 идома дорад. Ҳамаи сокинон ва ҳар як хонаводаи ноҳияро ба он даъват мекунем, ки агар аз набзи диёр воқеан ҳам огаҳ шудан хоҳанд, кӯшиш кунанд, ки ба рӯзномаи ноҳиявӣ обуна шаванд ва тамоми сол бо “Набзи Файзобод” бимонанд.
Нархи яксолаи обуна 70 сомонӣ аст. Обуна дар почтаи марказӣ ва идораи нашрия қабул карда мешавад.
Ҳамдиёрони азиз! Биёед, ба рӯзномаи дӯстдоштаамон – “Набзи Файзобод” дер намонда обуна шавем.