ЭЪЛОН
ПЕШ АЗ САФАР ОГОҲ БОШ!
- Подробности
-
09 Фев 2018
- Обновлено 09.02.2018 13:32
- Опубликовано 09.02.2018 13:32
- Автор: Super User
- Просмотров: 1327
Ба таваҷҷуҳи муҳоҷирон
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки бинобар баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия аз санаи 25 май то 25 июли соли 2018 нафароне, ки ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Нижний-Новгород, Ростови лаби Дон, Самара, Саранск ва Сочии Федератсияи Россия барои будубоши муваққатӣ (ё доимӣ) ва фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, бояд дар давоми як шабонарӯз аз қайд гузаранд.
Бинобар ҳамин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар ба ин шаҳрҳои Федератсияи Россия то саршавии Ҷоми ҷаҳон, яъне то 25 майи соли ҷорӣ бақайдгузорӣ дар ҷойи зистро анҷом диҳанд.
Бе зарурат воридшавӣ ба ин шаҳрҳои ФР дар давраи аз 25 май то 25 июли соли равон худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори ФР дар ин давра пурзӯр гашта, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонад боиси тадбиқи чораҳои қатъӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор нисбати шумо гардад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод.
Телефон: код (8-31-35) 3-33-71