Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ЭЪЛОН

ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ   ва ҷалби ҳарчи бештари сокинони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат  яке  аз самтҳои  афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ давлатамон мебошад.   Дар ин самт  шуъбаи  агентии  меҳнат ва   шӯғли аҳолӣ   дар   ноҳия низ нақшаҳои зиёдеро сомон дода, дар амалисозии «Стратегияи  паст кардани  сатҳи  камбизоатӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  корҳои муайянеро  ба анҷом мерасонад.

Дар доираи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» рӯзи 15 март бо иқдоми шуъбаи мазкур    ярмаркаи чойҳои кории  холӣ  доир гардид, ки беш аз 257 нафар корҷӯён дар он иштирок доштанд. Дар ярмаркаи мазкур 34 корхонаву муассисаҳои  ноҳия ширкат намуда, 47 ҷойи корӣ  пешниҳод намуданд.

9 нафар барои кор ба ташкилоту муассисаҳо роҳхат гирифтанд, аз ҷумлаи онҳо 2 нафар занон мебошанд. 7 нафари дигар  бо кор таъмин гардиданд. Ба 15 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат дода шуд.

Барои корҷӯён аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва хадамоти  муҳоҷират барои кор дар Федератсияи Россия 259 ҷои корӣ  пешниҳод гардид.

Файзулло Саидов,

директори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия.