ВАРЗИШ

ХӮҶАМАРД БОЗ СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз бо иқдоми бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия чорабиниҳои зиёди варзишӣ доир гардид.

Мусобиқаи «Сарбози Ватан» дар ду давр ҷавонони зиёдеро гирд овард, ки онҳо маҳорати хешро   намоиш доданд. Ба  даври ҷамъбастии  мусобиқаи мазкур 9 даста аз муассисаҳои таълимии  ноҳия роҳхат  гирифтанд. Ҷойҳои аввалро  дар мусобиқаи варзишии «Сарбози Ватан»  муассисаҳои таълимии рақамҳои 35,33 ва 59  бо ҳам диданд.

Дар мусобиқаи футболбозон, кибо иштироки 26 даста дар деҳаи Шаҳтакиён доир шуд футболбозони  деҳаи Хӯҷамард аз ҳама беҳтар бозӣ карда, соҳиби шоҳҷоиза шуданд. Дастаҳои  деҳаҳои Канғелӣ ва Шаҳтакиён мақоми 2 ва 3 ро соҳиб гардиданд. Боиси  қайд аст, ки соли гузашта ҳам  дар ду мусобиқаи ноҳиявии футболбозон  дастаи деҳаи Хӯҷамард соҳиби ҷои аввал гардида буд.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини дзюдо, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, намояндаи ноҳияи мо Азмиддин Одиназода, дар вазни  то 100 кило соҳиби ҷойи сеюм гардид.

Ҷ. Каримов.

Шаблоны joomla скачать здесь