МАОРИФ

УСТОДИ СУХАНШИНОС

Дар ҷомеа, махсусан дар кори пуршарафи омӯзгорӣ меҳнат намудану миёни шогирдон ва аҳли ҷамеа обрӯю эътибори калон пайдо кардан ба ҳар кас муяссар намешавад. Ин кор дониш, рағбату дилбастагӣ ба касб, серталабӣ нисбат ба худ, хушмуомилагӣ, хоксорию пухтакорӣ доштанро талаб мекунад. Омӯзгори хирадманд ва оқилу доно офтоби зиндагиро мемонад, офтобе, ки бо нуру зиёи хеш олами хуфтаро равшан месозад ва ба кулли мавҷудот қувват, тавоноӣ, файзу баракатро ато мекунад.  Ҳамаи ин хислатҳои наҷиби инсониро дар шахсияти инсони закию нуқтасанҷ, омӯзгори соҳибтаҷрибаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 ва устоди Маркази хонандагони болаёқати ноҳия   Пирмаҳмад Холов, ки қариб 40 соли ҳаёти пурсамари худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст, нисбат додан арзанда аст. П.Холов хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) мебошад. Сабақи устодони нотакрору донишмандони тоҷик – Соҳиб Табаров, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳиҷон Асрорӣ ва дигаронро гирифтаю дар мазраи қалбаш тухми ин сабақҳоро коштааст.

Ӯ аз солҳои аввали фаъолияти кориаш касби муаллимиро муқаддас медонист ва ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас эътибори зиёд медод ва бисёр кӯшиш мекард, ки ҳарчи бештар аз таҷрибаи кории омӯзгорони пешқадам омӯзад ва баҳра барад. Ин аст, ки ӯ дар тарбияи садҳо шогирдон заҳматҳои зиёде ба харҷ дода, онҳоро ба шоҳроҳи зиндагӣ равона намудааст. Тавре ки бузургон фармудаанд:

То он ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,

Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.

Шогирдони муаллим Боймурод Шарифов, Муҳриддин Низомов, Раҷабгул Бобоева, Ҳусноро Низомова дар солҳои гуногун дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёт иштирок намуда сазовори медалҳои тиллою нуқра гардиданд. Айни ҳол шогирдонаш Боймурод Шарифов Муҳриддин Низомов дар арафаи ҳимояи рисолаи докторӣ ва Завқибек Саидов ҳимояи рисолаи номзадӣ мебошанд.

П.Холов умре пайи хизмати бузургу пур аз савоб  - таълиму тарбияи насли наврас камари ҳиммат баста, дар ин ҷода соҳибмақом гардидааст. Ӯ бо кирдори неки худ, бо рафтори накӯи худ барои насли наврас сабақи ҳаётист. Инсоне, ки дар умри бобаракати худ бештар асарҳои адибони классику муосири ҷаҳониро хонда аз панду ҳикматҳои онҳо ба хубӣ огаҳ аст, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дилеро дарёбад. Имрӯз дар деҳа аз хурд то бузург ӯро мешиносанду ҳурмату эҳтиром менамоянд. Ин шаҳодати дар вуҷуду ҳастиаш ҷо доштани хирадмандию накӯкорист.

Оре, имрӯз Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди суханшинос Пирмаҳмад Холов тӯли хизматҳои бисёрсолааш азизи қалби шогирдон, иззатписанди мардум гардидааст.

Мунаввара ТАҒОЕВА,

Холмаҳмад Исмоилов.