МАОРИФ

БА СОЛИ ХОНИШ БО ТАБЪИ ХУШ

Истироҳатгоҳи “Дурахшон” дар мавзеи хушбоду ҳавои диёр, деҳаи Дурахшон, ки имсол бо ин ном номгузорӣ гардид, ҷойгир буда, ҳамасола 250-260 нафар толибилмони мактабҳои ноҳия ва навоҳии гирду атрофи он, вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ин ҷо истироҳат намуда бо табъи хушу рӯҳи болида ба соли нави хониш омода мешаванд. Боиси қайд аст, ки истироҳотгоҳи мазкур миёни беҳтарин истироҳатгоҳҳои мактабиёни кишвар  қарор дорад.

-Даври дуюми истироҳатгоҳи мо фаъолияти худро аз 11 июл оғоз намуд, гуфт дар суҳбат ба мо сарвари истироҳатгоҳ, устоди донишманду соҳибтаҷриба Ҷунайдулло Холов. Дар даври якум 130 нафар мактабиён истироҳат намуданд, ки аксарияти онҳо хоҳиши дар даври дуюм низ истироҳат намуданро изҳор намуданд. Истироҳатгоҳ чун ҳарсола аз ҳисоби буҷаи ноҳия таъмиру тармим гардид. Гирду атроф, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои ошхонаю хонаҳои дамгирӣ ва ҳавзҳои оббозӣ пас аз таъмир намуди зебо ва мувофиқ ба табъи бачаҳо гардонида шуд. Имсол бинои иловагӣ хушсифат ба қабули мактабиён омода гардонида шуд, ки дар он аллакай 38 нафар ҷой гирифтанд. Барои истироҳаткунандагон 4 вақт таомҳои болаззат, бозиҳои волейболу футбол, тенниси рӯи мизу шоҳмоту шашка ва сайёҳат ба кӯҳу теппаҳои хушманзараи гирду атроф ташкил карда мешавад. Ҳамчунин баробари баргузории чорабиниҳои варзишӣ ташкили маҳфилҳои фарҳангӣ, аз қабили шабҳои саволу ҷавоб, суруди беҳтарин, шоми шеър ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Барои истироҳати бофароғати бачаҳо аз ҳисоби муаллимони соҳибтаҷрибаи мактабҳо ва Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия мураббияҳо таъин гардидаанд. Боиси қайд аст, ки тавлиди театр-студияи “Нушханд”, ки имрӯз дар диёр ва берун аз он мухлисони зиёде  ва маҳбубият пайдо кардааст, ҳамин истироҳатгоҳи мо мебошад.  Мураббияҳо Ҳусния Саидова, Абдухолиқ Насриддинов, Гулрухсор Сафарова, роҳбари маҳфили мусиқӣ Фатҳиддин Нуров, бародари шафқат Кароматулло Файзов ва дигарон бо тамоми донишу маҳорат кӯшиш мекунанд, ки истироҳаткунандагон лаҳзае бе шуғл намондаю мондашавии худро ҳис накунанд. Соатҳои фориғ наврасон метавонанд мувофиқи шавқу завқашон ба омӯзиши комютеру хондани китобҳои бадеӣ машғул шаванд. Аз ҳисоби истироҳаткунандагон дар ду давр наздики 24 нафар хонандагони фаъол аз оилаҳои  камбизоату бепарастор ройгон истироҳат карда истодаанд. Инчунин дар лагерҳои солимгардонии муассисаҳои таълимӣ 455 мактаббачагон бо истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Истироҳатгоҳи “Дурахшон” имконият муҳайё мекунад, ки хонандагон баъди таътили хушу хуррамона ба соли нави хониш бо табъи хушу рӯҳи болида биёянд.

Т.МУНАВВАРА