Тозагию озодагӣ аз омилҳои муҳими тарбияи зебоипарастӣ буда, он аз муносибатҳои ҳамарӯзаи волидон дар хона, омӯзгор дар мактаб, байни калонсолон, дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ оғоз меёбад.
Дар хонадоне, ки калонсолон ба ашёҳо дилгармона муносибат карда, ба ҷобаҷогузории онҳо аҳамият медиҳанд, наврасони хонаро бетараф намегузорад.
Хона мактабест, ки бача шунидаю дидаашро қабул мекунад. Некро нек мебанаду бадро бад. Солорони хонаро лозим аст, ки ба сухан гуфтани хурдсолон, муносибати онҳо ба ҳайвонот, растаниҳои боғ аҳамият диҳанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар хона ба тарбия бештари вақт модарон машғуланд. Ҳисси тарбияи ахлоқию зебоипарастӣ аз амалҳои ҳамидаи модар сар шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Аз ҳамин хотир модаронро зарур аст, ки бо хурдтаракону наврасони хона хушмуомила, хушгуфтор ва ҳалим бошанд. Азизон дуруст фармудаанд:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Наврас чизе аз калонсолони хонавода ё ҳамсояву аз кӯча шунавад, ҳамонро ба худ қабул мекунад. Яъне, ҳалим бошад, ҳалим, тунд бошад, тунд ва зишт бошад, зишт.
Модарони тарбияёфтаю пухтакор наврасони хонаро бо ин ва ё он кор вобаста карда, аз кори супоридаашон пурсон мешаванд.
Наврасони хона, ба хусус духтаракон, вазифадор карда шаванд, ки дар шустушӯйи табақу коса, чойнику пиёла, пухтани хӯрок, ороиши дастархон, ҷамъугири рахти хоб, об додани гулҳои боғу хона, ҳавлирӯбӣ, дарзмол кардани сару либос, бо тартиби муайян ҷо ба ҷо гузоштани анҷоми хона, ба писарбачаҳо бошад, овардани об, тайёр кардани ҳезум, хӯрок додани ҳайвоноти хона, ба пода рондани чорво, нигоҳубини зироатҳои полезӣ, нарм кардани замин, даравидани алаф барои чорво ва ғайраҳо фаъол бошанд.
Наврас мактабхон бошад, ҳатман аз болои дарсазхудкунии ӯ назорат бояд кард. Барои ин кор вақти муайян бояд ҷудо намуд.
Иҷрои амалҳои зикршуда ҳаваси наврасонро бедор карда, муҳаббати онҳоро ба меҳнат, дӯст доштани набототу ҳайвоноти табиат зиёд менамояд.
Мо ба наврасон ҷиддӣ зеҳн монем, аз иҷрои корҳои супоридаи худ пурсон шавем, огоҳ бошем, албатта, хушҳол мешаванд. Аз ҷониби дигар, наврас аз ҳарҷогардию бадаҳлоқӣ даст мекашад ва дар қалби кӯчаки ӯ ростқавлию накӯкорӣ пайдо мешавад. Падару модар ва калонсолон агар ба наврасон хушмуомила бошанд, хушоянд аст. Агар наврас дар хона ба ашёҳои рӯзгору сару либос, падару модар, акаю додар, апаю хоҳар ва маводҳои хониш эҳтиром пайдо кунад, дар мактабу ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ашёҳои атрофаш низ дилсӯзона менигарад.
Дар синфҳои ибтидоӣ фанҳои санъат ва меҳнат, мусиқӣ, табиатшиносӣ ва забони модарӣ аз фанҳои асосӣ ҳисоб мешаванд. Таълими ин фанҳо аз маҳорат ва кордонии муаллими таҷрибанок натиҷа мегирад. Дар рафти таълим наврас агар ба олами зинда, набототу ҳайвонот ва аҳамияти он барои инсон, ба обу хок, ҳавою рушноӣ фаҳмиш пайдо кунад, назараш ба онҳо тамоман дигар мешавад. Ӯ дигар лонаи парандаҳоро вайрон намекунад, дарахтонро намешиканад, гулҳоро поймол намесозад, обро ифлос намегардонад ва ғайра.
Созгор чизеро дар табиат зиёдатӣ наофаридааст. Ҳама офаридаҳо дар муҳит вазифаи хоси худро доранд. Чуноне ки узвҳо ва системаҳои одам ҳамоҳанг кор мекунанд. Ҳангоми зарар дидани яке аз узвҳо номуратабӣ ба амал меояд. Табиате, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, ҳамин гуна аст. Зебоии табиат дар ҳама фаслҳои сол мушоҳида мешавад ва ҳар фасл ба худ манзараи хоси худро дорад, ки ба одам на танҳо зоҳиран, балки ботинан ҳаловат мебахшад. Тарбияи зебоипарастӣ дар наврасон метавонад қобилияти эҷодӣ, ҷисмонӣ, ахлоқиро тақвият бахшад.
Қ. Ҷомӣ, омӯзгор.