Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович - мудири шуъбаи маорифи ноҳия.
Боиси сарфарозист, ки ҳамасола аввали моҳи октябр дар саросари кишварамон иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирии ин чорабинӣ падидаи мубораки даврони Истиқлолият буда, эътиқоду эҳтиромро нисбат ба миллати тоҷик ва таъриху фарҳанги волои он боз ҳам қавӣ гардонида, рамзи қадршиносии омӯзгор, нишони эҳтироми амиқи мардуми тоҷик ба устод, мураббӣ ва тарбиятгар ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, зеро пешаи омӯзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист.
Суханварону мутафаккирони олам донишро чароғи равшан, ҷавшани тан, ганҷи бебаҳо, нерӯи дил, оромиши ҷон, обрӯю эътибор, қудрату тавоноӣ, комёбию фирӯзмандӣ ва роҳату саодат дониста, ба ҳар василае андӯхтани илму донишро тарғибу ташвиқ намудаанд. Маҳз ин ҳама ибораҳои рехтаву пухтаву зебо, ки дар васфи донишу хониш гуфта шудаанд, аз меҳнату ранҷу бедорхобӣ ва фидокориҳои омӯзгор сарчашма мегиранд. Омӯзгор бо дарки масъулияти баланд ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардида, меҳри илму донишандӯзиро дар қалби шогирдон ҷой мекунад. Шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозӯъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст.
Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад.
Ҳамаи мо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ дорем ва хуб дарк мекунем, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад. Натиҷаи ғамхориҳост, ки имрӯз хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияамон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, эътироф ва қадрдонӣ карда мешаванд.
Моро зарур аст, ки минбаъд ҳам ба соҳаи маориф бо масъулияти баланд муносибат намуда, фаъолиятамонро ба талаботи замони имрӯзаи рушди илму техника мутобиқ гардонем ва ҷиҳати тарбия кардану ба камол расонидани насли созандаву бофарҳанг, ватанпарвару меҳнатдӯст аз ҳарвақта дида бештар азму талош намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои падарона зоҳир менамоянд, аз ҷумла фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст. Ӯ дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».
Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1130 нафар омӯзгорон ба насли наврас сабақи маърифат меомӯзанд, ки аз ин ҳисоб 6 нафарашон дорандагони мукофотҳои давлатӣ, 280 нафарашон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 355 нафар соҳиби тахассуси олӣ, 271 нафар тахассуси якум, 181 нафар тахассуси дуюм ва 28 нафар мутахассисони ҷавон мебошанд.
Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрӯзу фардои кишвар ва афзудани обрӯю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон фидокорона меҳнат мекунанд. Итминони комил дорам, ки устодони мактабҳо бо саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон, барои вусъати корҳои ободонию созандагии Ватан парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон менамоянд.
Ният дорем таъмири пурраи бинои « Маркази рушди истеъдодҳо»-ро ба анҷом расонда, онро бо (Ноотбук) – компютерҳо таъмин намоем, кабинетҳои электронӣ ва китобхонаи электронӣ созмон диҳем. Ҳамчунин сайти расмии шуъбаи маорифи ноҳияро таъсис дода, онро бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст кунем. Кабинети методии электронӣ ташкил карда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия сайтҳои махсуси электронӣ кушода, робитаи электронии доимӣ бо ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ намоем. Мақсад дорем, ки Скайп-Шӯро ва машваратҳо баргузор кунем. Бо дастгирии
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муассисаҳои таълимии алтернативӣ, аз қабили гимназия ва литсейҳо таъсис хоҳем дод.
Дар фарҷом Рӯзи муаллимро ба кулли омӯзгорони арҷманд табрику муборакбод гуфта, ба ҳама сиҳату саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбиҳо таманно менамоям.