МАОРИФ

САРУ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ МУШКИЛОТЕ, КИ ҲАЛИ ОН ЧАНД СОЛ БОЗ ТУЛ МЕКАШАД

Чанд соласт, ки атрофи сару либоси ягонаи мактабӣ сухан меравад. Яъне хонандагони мактабҳои кишвар бояд либоси ягона, ки аз ҷониби вазорати маорифи кишвар тасдиқ гардидааст ба бар дошта бошанд. Зеро бисёрҳо мушоҳида менамоем, ки волидайн дар харидории сару либоси мактабии фарзандонашон душворӣ мекашанд, ки оё сару либоси харидаи онҳо ба талаботи   либоси ягонаи мактабӣ ҷавобгӯ бошад ё не?

Воқеан ҳам шуруъ аз соли 2006 Вазорати маорифи кишвар дар хусуси сару либоси ягонаи мактабӣ чорабиниҳо гузаронидаю намунаҳои онро низ қабул карда буд. Аммо амалӣ намудани ин чорабиниҳо хеле суст ба назар мерасид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чун дигар масъулини соҳа баҳри ҷорӣ намудани сару либоси ягонаи мактабӣ доимӣ  зимни вохӯриҳо бо сокинони ноҳия ва фаъолони деҳот борҳо мулоқотҳо анҷом доданд. Боиси қайд аст, ки волидайн ҳам ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабиро тарафдоранд. Зеро борҳо мушоҳида намудаем, ки аз мутобиқат накардани сарулибоси волидон харида, ба талоботҳои мактабӣ мушкилотҳо ба миён меояд.

Имрӯзҳо   ярмаркаҳои мактабӣ ташкил шудаву чи тавре мо аз рнҳо дидан кардем соҳибкорон аксаран маҳсулоти дар берун аз кишварамон истеҳсолшударо пешкаши харидорон кардаанд, ки   аксаран аз корхонаҳои Ҷумҳурии Узбекистон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ба бар намудани либоси ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ дар қалби толибилмон ,баҳри болоравии худшиносву   ифтихори миллӣ ва тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ   нақши созгор мегузорад. Бар замми ин   коргоҳҳои дӯзандагии ватании истеҳсоли либоси мактабӣ метавонанд баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ ҳамчунин амали гардонидани ҳадафи чорум ҳукумати кишвар яъне рушди саноатикунонии мамлакат нақш хоҳад бозид.

Боиси қайд аст, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди истеҳсолот, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти хуштарҳу замонавӣ ва рақобатпазир истеҳсол намудани либоси мактабӣ як қатор имтиёзҳои андозӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, 2 майи соли равон Ҳукумати кишвар «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» қарор қабул намуд. Ин имтиёз бевосита ба пасттар гардидани нархи либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ мусоидат мекунад.

Соли равон чи тавре аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ гирифтем бояд 11143 адад либоси мактабӣ дастраси мактабиёни ноҳия гардад. Истеҳсолу дастраси хонандагон намудани ин миқдор аслан ба зиммаи коргоҳҳои дӯзандагии “Шоҳком”-4573 адад, “Хизмат”-3000 адад, “”Дунёи модарон”- 1500 адад ва “Лола”-2000 адад вогузор шудааст. Аммо ҳарчанд соли хониш фаро расида истода бошад ҳам, лекин корхонаҳои мазкур аксаран то рӯзи ташрифи мо чандон фаъолона ба истеҳсол машғул набуданд. Яъне ба гумон аст, ки найшаи пешбинт гардидаро ба иҷро расонанд. Аз ин хотир падару модарон ноилоҷ боз рӯ меоранд ба бозор. Яъне имсол ҳам ҳалли сару либоси мактабӣ ба анҷоми худ намерасад. Ин гувоҳ аз бемасъулиятии мадирони мактабҳо ва масъулони соҳа гувоҳӣ медиҳад. Бояд масъулон сари масъалаи мазкур миёни соҳибкорон ва падару модарон корҳои оммафаҳмониро ҷоннок намуда, ҳалли онро суръат бахшанд.

“НФ”.