МАОРИФ

ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

Аслан, афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар муассиса оғоз меёбад.

“Ифтихор” – ба маънои фахр кардан, яъне ба муқаддасоте эҳтиром гузоштан,  қадри  ӯро  нисбат аз  ҳама баланд бардоштан ва дар бораи он аз қалби пурмуҳаббату самимият изҳори садоқат доштан аст.

Дар бораи қадру қимати Ватан ниёгони мо ҳикматҳои зиёде гуфтаанд, ки айёми сангин ва рӯзгори вазнин дар тӯли таърих аҷдодони сарбаландамонро аз умеди соҳибватанию ватандорӣ ҷудо карда натавонист.

Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,

Номи худро сархати девони миллат мекунад

Бояд гуфт, ки  барои ба хизмат тайёр намудани насли наврас ва дар руҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ  тарбия намудани онҳо саҳми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ хеле калон аст. Дар ин самт баробари омӯзгорони фанни  омодагии ибтидоии ҳарбӣ падару  модарон  ҳам бояд саҳмгузор бошанд.

Барои бедор намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихору ҳуввият ва худогоҳию худшиносии миллӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси ҷавонон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимӣ мо ба таври доимӣ озмуни “Ифтихори ватандорӣ” – ро доир менамоем. Озмуни мазкур  дар  тарбияи  шогирдон  нақши  калон дорад.

Шаблоны joomla скачать здесь