МАОРИФ

ШУКРИ ОБОДИИ ДИЁР

Умри инсон мисли оби равон аст. Дар ҷамъият инсонҳое мавҷуданд, ки умри хешро беҳуда намегузаронанд. Маҳз андешаи онро менамоянд, ки умрро пурсамар мебояд гузаронид. Аз зумраи яке аз ин нафарон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давронов Ҷӯра мебошад, ки 46 соли ҳаёти хешро сарфи донишандӯзии толибилмон намудааст, ки шоёни эҳтирому ифтихори ҳамдеҳагон, ҳамкасбон ва шогирдон гаштааст. Маҳз ҳамин буд, ки хостем бо ӯ ҳамсуҳбат шавем. Моро хуш қабул намуд. Дар ҳар як суханаш бардошт аз ҳуввияти миллӣ ва ифтихор аз меҳан эҳсос мегардид:

Бе заҳмату кор нон намебояд хӯрд,

Як луқма ба ройгон намебояд хӯрд. 

Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,

Гар ҷон бувад, аз он намебояд хӯрд.

- Солҳои нооромии кишвар ҳаргиз аз ёдам намеравад. Падарам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Бо ҷароҳати вазнин ба хона баргашта буд. Ба вазъи ноустувори замон нигоҳ накарда пайи донишомӯзӣ ва кӯмак ба аҳли хонавода талош мекардам, -мегӯяд, Ҷӯра Давронов. Маҳз ҳамин буд, ки сухани устод Садриддин Айнӣ: “Дар чӣ гуна душворӣ бошед ҳам хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлаш!”-ро шиори худ дониста соли 1966 ба Донишгоҳи омӯзгорӣ, ба факултети МНО-таълими синфҳои ибтидоӣ дохил шуда, донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, ба фаъолияти корӣ пардохт.

Ёдовар аз он бояд шуд, ки Ҷӯра Давронов аввалин донишҷӯйи шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи омӯзгорӣ аз деҳаи Дашти марзо маҳсуб меёбад. То ба имрӯз ҳазорон нафар шогирдонро таълиму тарбия дода соҳибиззати мардуми ноҳияи Файзобод гардидааст. Яке аз оилаҳои фаъоли деҳа маҳсуб ёфта, соҳиби 7 фарзанд, ки онҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ноҳия фаъолият намуда истодаанд, мебошад. Ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, шукронаи онро менамояд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар умр ба сар бурда истодааст. Ӯ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти амнияти озуқаворӣ ҳадафи хеш қарор дода, дар майдони 6 гектар боғ бунёд намуд, ки аз таҷрибаи ӯ дигар хоҷагидорони маҳаллӣ пайваста истифода менамоянд.Воқеан ҳам устод басо шахси ҳалиму меҳрубон аст. Ёрии хешро дар кадом самте, ки набошад, дареғ надошта мерасонад.

Соли 2015 миёни 90 хоҷагидори беҳтарини Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт маҳз боғи устод Ҷӯра Давронов аз ҷониби намояндагони Вазорати кишоварзии кишвар баҳои баланд гирифта, сазовори ҷойи аввал гардида, бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод сарфароз гардонида шуд. То ба имрӯз ӯ вазифаҳои гуногуни ҷамъиятиро адо намуда истодааст. Соли 1995 раиси иттифоқи касаба ва соли 2015 раиси хоҷагидорони деҳаи Дашти марзо интихобаш намуданд, ки то ҳол ҳамроҳи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ кору фаъолият намуда истодааст.