КИШОВАРЗӢ

РУШДИ СОҲАИ БОҒДОРӢ-БЕ ТАШКИЛИ ХОҶАГИҲОИ НИҲОЛПАРВАРӢ НОМУМКИН АСТ

Аввали моҳи январи соли равон дар   мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон  “Дар бораи ниҳолпарварӣ” қабул гардид.  Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии парвариш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороиширо муқаррар менамояд.

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин, - боғи модарӣ, боғи навъҳои ноҳиябандишуда ва ояндадори дарахтони мевадиҳанда, ангур, буттамева ва ороишӣ, ки аз онҳо бо мақсади зиёд кардани миқдори ниҳол, навда, қаламча ё қисми муғчадори он барои пайванд тайёр карда мешаванд, зикр гардидаанд. Пайи чӣ гуна амалӣ шудани     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон “Дар бораи   ниҳолпарварӣ”   дар ноҳия ва вазъи имрӯзаи ниҳолхонаҳо мо бо  садори раёсати кишоварзии ноҳия Эмомалӣ Насриддинов ҳамсуҳбат шудем.

- Барои амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон дар бораи ниҳолпарварӣ нақша-чорабинӣ тартиб дода, мақсад дорем дар солҳои минбаъда иловатан ба замми ниҳолхонаҳое, ки дорем, хоҷагиҳои махсуси ниҳолпарварӣ ташкил намоем. Зеро мувофиқи супориши Сарвари давлат майдони боғҳои навбунёд дар солҳои наздик дар ноҳия ба 4 ҳазор гектар расонида мешавад. Айни ҳол ниҳолхонаҳои боғпарвари асил Исроил Назиров дар майдони 2 гектар бо шумораи 15 ҳазор ниҳол, аз ин 5 ҳазораш ниҳоли мевадиҳанда ва 10 ҳазори дигараш ниҳолҳои ороишӣ мебошад, ки ҳангоми ташрифаш Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Файзобод аз ин ниҳолхона дидан карда баҳои баланд дод.

Минтақаи таҷрибавии боғпарварӣ дар майдони 0, 50 га, хоҷагии ҷангали ноҳия дар майдони як га ниҳолхона доранд ва мувофиқи дурнамо имсол дар майдони 11 га боғи нав бунёд мекунаду ниҳолҳои зиёдатиашро ба фурӯш мебарорад,-посух дод Э. Насриддинов.

Сари масъалаи  аз нав эҳё намудани  навъҳои себҳои хос маҳаллӣ, аз қабили “Ҳусни Юсуф”, “Пахтасеб”, “Хубонӣ”, “Кадусеб”, ки таъми хуш доранду бозоргиранд  масъули соҳа чунин посухамон дод, ки :   

-Ин навъи себҳо бозоргиру серхаридор нестанд, аз ҳамин сабаб боғпарварон ба ин навъи себҳо таваҷҷуҳ надоранд.  Имрӯз дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд бунёд намудани боғҳои нав амри зарурист. Боғпарварон аллакай бо мақсади бунёди боғҳои нав аз тирамоҳ омодагӣ гирифтаанд. Заминҳои ҷудогардида шудгор шуда, поруҳои маҳаллӣ ва минералӣ кашонида, баробари фаро расидани мавсим аз ниҳолҳои Ҳисору Ваҳдат ба қадри зарурӣ ниҳол оварда боғ бунёд карданианд,- гуфт Э. Насриддинов.

Мутаассуф ин посух моро қаноатманд карда  наметавонад, зеро  мушкилии асосӣ барои амалӣ гаштани Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ниҳолпарварӣ” дар ноҳия ин набудани хоҷагиҳои махсуси ниҳолпарварист. Вақеан ҳам, ниҳолхонаҳое, сардори идораи кишоварзӣ  аз онҳо ном бурд    масоҳати хурд доранду талаботи соҳаро дар имрӯза ва оянда қонеъ карда наметавонанд. Асосан боғпарварони ноҳия ниҳолҳоро аз ноҳияҳои Ҳисору Ваҳдат харидорӣ мекунанд, ки ба ақидаи олимони соҳа ба оби ҳавои ноҳияи мо чандон  созгор нест.    Ҳамин аст, ки аз нисф зиёди ниҳолҳои харидоришуда хушк гашта ва қисми дигар ба касалиҳо тобовар нестанд. Ҳарчанд сардори  раёсати кишоварзӣ Э. Насриддинов бо парвариши навъҳои себҳои маҳаллӣ  хушбин нест, аммо назари мутахссисони соҳа дигар аст.

Олими шинохтаи соҳа Ҳикматулло Қодиров парвариши навъҳои себҳои “Шоҳусайниӣ, “Гарма”, “Ҳусни Юсуф”, “Гулсеб”, “Сиришк” ҳамчунин “Кадусеб” аз манфиат холӣ намедонад. Зеро ин навъи дарахтон то як тонна ва аз ин ҳам зиёдтар мева мабандаду то 5-6 моҳ нигоҳ дошта мешавад.

-Олимони соҳаи боғпарварӣ навъи дарахтони пешпазаки “Эрвонеки самарқандӣ”, “Бровинкаи тошкандӣ”,  “Голден дилешаст”,  “Ҷонатон”,  “Золотой грейма” ва инчунин навъҳои зимистонаи “Ренот симиренко” ва “Разморени сафед”-ро дар минтақаи Ҳисор тавсия медиҳанд. Имрӯз бошад дар минтақаи таҷрибавии боғдории Карсанг зиёда аз 60 навъи себҳои маҳаллӣ парвариш меёбад, ки ин навъи себҳо умри дарози 60-70 сола дошта, аз ҷиҳати ҳосилнокӣ аз дигар навъҳои себҳои дар боло тавсия шуда афзалият дошта, аз рӯйи таъми хушаш дар бозор серхаридоранд,- иброз намуд , номзади илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Қодиров.

 Омӯзгори собиқадор, ниҳолпарвар ва боғпарвари  соҳибтаҷриба  Қурбоналӣ Муродов, ки солҳои зиёд ба ниҳолпарварӣ машғул аст, ақида дорад,  ки навъи себҳои “Шоҳсеб”, “Пахтасеб”, “Шоҳусейнӣ”, намуди зоирии хуб дошта охирҳои моҳи июн пухта мерасанду дар бозор 10-15 сомонӣ ба савдо мераванд ва инро дар таҷрибаи худ борҳо озмудааст.

Аз суҳбат бо боғпарварони соҳибтаҷриба ва масъулини соҳа  айён гашт, ки ташкил кардани хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар ноҳия амри зарурист. Берун аз ноҳия овардани ниҳолу   гузаронидани боғ ба манфиати боғпарварон нест.

-Мувофиқи тавсияи олимони соҳа ва таҷрибаи андухтаам медонам, ки пайванд аз донакҳои себҳои “Размарени сафед” (белий налив), Семеренка, Беназир, Наливи сафед (белий налив) ба мақсад мувофиқ буда, дар шароити обу ҳавои ноҳия мутобиқ аст ва ҳосили хуб медиҳанд. Тагпайванд аз ин донаҳои себ системаи решагии пурқувват дошта, зуд ба воя мерасанду дар 3-4 сол ҳосил медиҳанд. Аксарияти ниҳолҳое, ки берун аз ноҳия оварда мешавад, тагпайванди  хуб надоранд. Ниҳолпарварон донакҳоеро аз навъҳое, ки олимон тавсия медиҳанд, истифода накарда, асосан аз донакҳои себи биҳӣ ва донаке, ки  рост ояд, истифода мебаранд, ки себу ноки он тагпайвандҳо сабзиши хуб ва умри дароз надоранд,- мегӯяд боғпарвари асил Қурбон Муродов.

 Зимни пайгирии мавзуи мазкур  ва суҳбат бо масъулини соҳа ва олимону собиқадорони соҳаи боғпарварӣ маълум гардид, ки барои рушди соҳаи боғдорӣ ташкили хоҷагиҳои махсуси  ниҳолпарварӣ зарур аст. Нигоҳи   куркурона ба ин масъала ва бунёди боғҳои бесамар камдаромад ба манфиати  боғдор нест.  Барои  инкишофи соҳаи боғпарварӣ дар ноҳия тибқи дастуру  супориши Сардори давлат   танҳо мусоидат кардан ба ташкили   хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ имкон медиҳад, ки сол аз  сол   майдони боғҳои нав  дар заминҳои бекорхобида ва майдонҳои васею таллу теппаҳо  зиёд гардад.

Т. Соҳибназаров, “НФ”.