ХАБАРҲО

МУАССИСА БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ ОМОДА АСТ

Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 аз таъмири хушсифат бароварда шуда, ба соли нави таҳсил пурра омода аст.

Таъмири муассисаро падару модарон ба тариқи ҳашар ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ба анҷом расониданд.

Муассиса дар соли нави таҳсил зиёда аз 600 нафар хонандаро дар оғӯш мегирад.

Ҳоким САФАР.