ХАБАРҲО

КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ СОҲИБИ БИНО ШУД

Рӯзи 29 август дар маркази ноҳия  дафтари кории КИ ҲХДТ ифтитоҳ гардид. Ба ин хотир ҷамъомади  хотирмон баргузор шуд. Дар чорабинии  мазкур фаъолони ҳизбии ноҳия ва намояндагонии ҲХДТ  аз  шаҳру навоҳии Роғун, Рашт, Нуробод, Лахш  ширкат намудаанд.  

Дар расми ифтитоҳи бинои ҳизб муовини раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно Маҳмудзод, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони дастгоҳи ҲХДТ Фирӯза Шарифова, раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Раҷабзода Миралӣ иштирок доштанд.

 Бинои мазкур аз толори  маҷлисгоҳ  ва 5 дафтари корӣ иборат мебошад.

Бо буридани лентаи  рамзӣ  меҳмонону ҳозирин дар маҷлисгоҳи бино аз пешрафти корҳои анҷомёфта ҳарф заданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Абдулло Азизов ҳозиринро хайра мақдам гуфта,  боварӣ бахшид, ки ҳизбиёни ноҳия  дар амалӣ сохтани  ҳадафҳои созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми созовор мегиранд.

Раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода ҳизбиёнро бо ин воқеаи хотирмон, бунёди  дафтари корӣ муборакбод намуд.

Муовини раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно Маҳмудзод зимни баромади худ ифтитоҳи дафтари кории ҳизбро дар ноҳия  туҳфаи арзандаи ҳизбиёни файзободӣ  ба ҷашни 25-солагии  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муаррифӣ кард. Боварӣ аз он намуд, ки бинои мазкур маркази корҳои таблиғотӣ, умедгоҳи сокинони ноҳия, хусусан ҷавонону бонувон хоҳад гашт.   

Сипас дар вазъияти тантанвӣ ба ҳизбиёне, ки дар бунёди  дафтари мазкур саҳми муносиб гузоштаанд, Сипосномаҳои  КИ ҲХДТ ва ба чанд нафар ҷавонон   баргаҳои узвияти ҳизби ҲХДТ супорида шуд.

Боиси қайд аст, ки дафтари кории ҲХДТ ягона дар минтақаи Рашт маҳсуб меёбад.