ХАБАРҲО

ОБОДКОР

Ободӣ ин накӯкорист. Онҳое ба чунин корҳо даст мезананд, ки  фидоиянду  пешрафту  ободии диёрро дар мадди аввал мегузоранд. 

Маҳмадалӣ Ёров аз зумраи  чунин шахсиятҳост. Ӯ сарварии  ҶФДММ  ”Ғаюр”-ро дар ноҳия ба уҳда гирифтаас. Кору бораш роҳсозию бунёдкорист.

Маҳмадалӣ хислати наҷибе дорад. Сухани ширину муносибати ҳалимонаро пешаи худ қарор додааст.  Ҳамин аст, ки дар Меҳробод ӯро ҳамчун шахси саховатпеша ва ободкору соҳибэҳтиром  ном мебаранд. Ободкориҳояш сари ҳар як қадам ба чашм мерасад. Дарахтони сояафкан, арча ва гулу буттаҳои ду тарафи шоҳроҳ маҳсули заҳмати ӯст. Дар баробари корҳои некаш ба варзиш низ завқи беандоза дорад. Хоҳиши ҷавонони деҳаро ба инобат гирифта, барои онҳо  варзишгоҳ сохт. Дар ин ҷо мусобиқаҳои варзишӣ барпо гардида, ҷавонон худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб медиҳанд.

Шамсулло СОЛЕҲ.