ХАБАРҲО

СУХАН АЗ КАМБУДИҲО РАФТ

Дар маҷлиси васеи назди  раиси ноҳия, ки рӯзи 11 июли  соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, соҳибкорон ва  фаъолони ноҳия доир гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2016 мавриди муҳокима қарор гирифт.   Назди ҳозирин аз дастоварду камбудиҳои дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия  мавҷудбуд,  муовини аввали раиси ноҳия Акрамзода З.А. ва муовинони раиси ноҳия Сафаров Р.М. ва  Раҷабзода С.Б. ҳисобот доданд  (Маърӯзаҳо дар ҳамин шумора дар шакли мухтасар чоп гардидааст). Мавриди  қайд аст, ки  баромадкунандаҳо соҳаҳои вобастаи хешро ҳамаҷониба мавриди таҳлили ҷиддӣ  қарор дода асосан атрофи камбудиҳо   ва роҳҳои ислоҳи он андешаронӣ карданд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сабабҳои  роҳ  додан ба камбудиҳо ва ислоҳи онро  аз баромадкунандагон ва аз масъулини ҳар як  соҳа пурсон шуд.    

   Ҳамчунин Раҷабзода М. таъкид бар он намуд, ки дар  нимсолаи дуюми соли  2016 бояд  бо меҳнати созанда натиҷаҳои чашмрасро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият  ноил шуда,  ҷашни бисту панҷсолагии Истиқлолияти давлатии  кишварро бо натиҷа ва дастовардҳои намоёни меҳнатӣ  истиқбол намоем. 

“НФ”.