ХАБАРҲО

НОМЗАДИ ҲХДТ БА ВАКИЛӢ

Рӯзи 10 июни соли ҷорӣ  конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳия доир гардид. Вакилони конференсия баробари ҳаллу фасли   масъалаҳои муҳими ҳизбӣ, масъалаи  пешабарии номзадро ба маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз  ҳавзаи интихоботии Кабкрез 12 муҳокима карданд.

Мувофиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод, даъвати 5-ум аз 11 апрели соли 2016 №62 дар асоси талаботи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» бинобар  пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколоти вакил аз ҳавзаи мазкур, рӯзи 17 июли соли равон  интихоботи миёндаврӣ муайян шудааст.

Аз ин хотир конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод Маҷидов Шоҳрух Шарифович – Сардори идораи барқи ноҳияро  номзад ба вакилии Маҷлиси  вакилони халқи ноҳия дар ҳавзаи интихоботии Кабкрез №12 пешбарӣ кард.

“НФ”.