ХАБАРҲО

ҲАМКОРИҲО ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Велбург Роси, роҳбари дафтари Шведсария дар Тоҷикистон (аз чап ба рост), Ригина - корманди дафтари мазкур ва Моҳиҷаҳон Намакова - раиси Хазинаи Оғохон дар минтақаи Рашт дар  қабули раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ. 

Чанде пеш раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода роҳбари нави дафтари Шведсария дар Тоҷикистон Велбург Росиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории судманди тарафайн дар солҳои қаблӣ суҳбат  карданд. Ҳамчунин дар мулоқот баҳри боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони диёр дар самти хоҷагидорӣ ва кишоварзӣ пешниҳоди лоиҳаҳои хурду амалисозии барномаҳо изҳори назар карда шуд.

Ташрифи Велбург Роси дар ҳоле анҷом ёфт, ки чанде қабл бар асари боришоти зиёд ва омадани сел сокинони ноҳия аз офати табиӣ зарар дида буданд. Дар робита ба ин ӯ гуфт, ки бо баррасии мавзӯъ кӯшиш мекунем, ки дар бари сокинони аз офати табиӣ зарардида бошем.

Зимнан роҳбари дафтари Шведсария дар Тоҷикистон Велбург Роси аз пазироии самимонаи сокинони диёр изҳори хушнудӣ карда, ба раиси ноҳия ва мардуми меҳмоннавози Файзобод арзи сипоси худро расонид.

Дар охир аз ҷониби раиси ноҳия ҳамчун нишони эҳтиром ба ӯ сару либоси миллӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз ҳисоби созмони мазкур дар ноҳия чандин барномаҳо аз қабили кашидани хатти оби нӯшокӣ, сохтмони пул ва ғайраҳо то ин вақт амалӣ гаштааст.

С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.