ХАБАРҲО

БА МУСОБИҚА ҲАМАҶОНИБА ОМОДА БОШЕМ

Чандест, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки доир ба муҳтавояш дар шумораҳои қаблӣ ба хонандагонамон  иттилоъ дода будем.

Баҳри иҷрои амри мазкур дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия даври аввали мусобиқа доир гардида, беҳтаринҳо барои иштирок ба даври ноҳиявӣ пешниҳод шуданд.

Бино ба  маълумоти аз ҳайати комиссияи таъсисгардидаи мусобиқа  дар ноҳия ба мо дастрас  гардида  масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба озмуни мазкур чандон омодагии хуб нагирифтаанд. Аксари кӯчаву маҳаллаҳое, ки ба мусобиқа  аз ҷониби масъулин пешниҳод шудаанд, ба талабот ва меъёри муқаррагардида ҷавобгӯ набуд. Аз ҷумла ҳамин гуна бемасъулиятӣ ҳангоми пешниҳоди деҳаи Файзобод аз ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ба чашм мерасид. Ҳол он ки деҳаи мазкур умуман ба озмун омодагӣ надидаанд ва масъулини ҷамоат барои аз гардан соқит намудани бори масъулият онро пешниҳод кардаанд. Чунин бесалоҳиятиву беэътиноӣ дар пешниҳоди аксари деҳаву кӯча ва оилаву хонаи намунавӣ аз ҷониби роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба чашм мерасад.

Бино ба иттилои  доварони мусобиқа ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва шаҳраки Файзобод дар пешниҳод ба озмун то андозае ҷиддӣ назар кардаанд ва деҳаву маҳалла ва хонаву оилаҳои намунавии пешниҳоднамудаашон ҷавобгӯи талаботи мусобиқаи мазкур мебошад.

“НФ”.