Қитъаи раъйдиҳии Сари чинор рақами 19 дар бинои МТМУ-ии рақами 7 ҷойгир буда, ба он интихобкунандагон аз деҳаҳои Хамисеб, Саричинор ва Оби сангбур шомил мебошанд. Мувофиқи рӯйхат 1645 раъйдиҳанда ба қайд гирифта шуда буд.
Дар марҳилаи пеш аз раъйдиҳӣ қитъа ҳамаҷониба омода гашта, барои раъйдиҳандагон ҳамаи шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шудааст.
Маркази ахборотдиҳӣ ҳамарӯза машғули фаъолият буд. Натиҷаи ҳамин омодагиҳои сатҳи баланд буд, ки то соати 11 ба қитъа беш аз 70 фоизи раъйдиҳандагон ҳозир шуда, райъи хешро баён доштанд.
-Тавассути аъзоёни участка ҳамаи раъйдиҳандагон қаблан ба рӯйхат гирифта, ҳамзамон бо он шинос гардонида шуданд. Ҳамчунин рӯйхати беморон , муҳоҷирон ва бори аввал овоздиҳандагон тартиб дода шудааст.
- Толори раъйдиҳӣ низ мувофиқи талабот тайёр гардида, хонаи ёрии тиббӣ ва хонаи модару кӯдак омодаи кор аст,- изҳор дошт зимни суҳбат раиси қитъаи мазкур Маҳмадулло Мулоев.
Аз чеҳраи онҳое, ки баҳри баёни райъи худ ба қитъа омадаанд пайдост, ки мардум хеле хуб дарк кардаанд, ки иштирок дар ин рӯз, иштирок дар ояндаи неки мамлакатамон аст. Ва мо низ бо чанде аз раъйдиҳандагон ҳамсуҳбат шудем.
Кароматулло Саидов, сокини деҳаи Обисангбур:
- Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ имрӯз қабул мегардад, худ гувоҳ аз амнияти кишвар ва рушди устувору босуботи ҷомеа аст. Ҳамчунин вазъяти неку осоишта тақозо мекунад, ки ин ҳуҷҷати асосӣ такмил ёбад. Ва ин тағйироту иловаҳо ба хотири рушди пайвастаи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон сурат мегирад.
Раъйпурсии имрӯза ва иштироки фаъолонаи мардум гувоҳ аз он медиҳад, ки аҳли ҷомеа нисбат ба ояндаи хеш бетараф нестанд.
Файзалӣ Набиев, омӯзгори МТМУ рақами 7:
- Боиси қайд аст, ки имрӯз ба хусус ҷавонон хеле ва хеле фаъоланд. Ман медонам, ки Тоҷикистони мо рӯз аз рӯз ободу зебо шуда, корхонаҳои нав ба нав мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳамаи ин дар зери дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва қонунҳои амалкунандаи кишвар амалӣ мешаванд. Аз ин хотир ман бо дили пур ба раъйпурсӣ омадам. Зеро аксари тағйироту иловаҳо ба хотири иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишварамон пешниҳод шудааст.
Чунон, ки имрӯз мушоҳида намудем, сокинони ноҳия муташаккилона дар ин маъракаи мазкур ширкат намуда баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони азиз раъйи худро баён доштанд.