Рӯзи 22 майи соли равон маъракаи раъйпурсӣ оиди тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои раъйдиҳии ноҳия бо нишони ҳамдастӣ ва ҳамдилӣ, боварӣ ба фардои дурахшони кишвари азизамон доир гашт. Аз соати шаш раъйдиҳандагон ба қитъаҳои раъйдиҳӣ омада раъйи хешро вобаста ба таъғиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд. Гузориши хабарнигорони «НФ» аз ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ дар қитъаҳои раъйдиҳии ноҳия.
Дар ноҳия доир ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 участка ташкил карда шуда буд, ки 3 адади он дар ҷамоати шаҳраки Файзобод мавқеъ дошт.
Қабл аз баргузории маъракаи сиёсӣ баҳри ошноӣ бо омодагии участкаҳои раъйпурсии Чинаӣ №16, Дарагиён№17 ва Исмоили Сомонӣ №18 ба ин ҷойҳо рафта, аз тайёрии аъзои участка қаноатмандӣ изҳор намудем. Зеро тамоми маводи зарурӣ, чӣ тарғиботӣ, ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ ва чӣ даъватӣ муҳайё буд. Рӯйхати раъйдиҳандагон, ҳуҷҷатҳои овоздиҳӣ мувофиқ ба талаботи комиссияи ҳавзавии раъйпурсӣ ба тартиб даромада буданд.
Рӯзи раъйдиҳӣ – 22 май – манзараи рафтуои одамон дар участкаи Дарагиён №17 воқеъ дар толори киною консерти Рӯдакӣ хеле хушамон омад. Ин ҷо аз субҳ садои суруду мусиқӣ тариқи балангӯяк ба гӯш мерасид. Хосса садои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Саидқул Билолов ва ҳунарманди хушсалиқа мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошариф форам ба гӯш мерасид. Ин санъаткорони хушовоз шеърҳои устоди калом Бозор Собирро бо лаҳни шево замзама мекарданд.
Баъди соати 6 одамон – пиру барно, занону духтарони либосҳои идона дар бар ду-ду, се-се, чор-чор ҷониби участкаи раъйдиҳӣ қадам мезаданд. Ин ҷо ояндагонро пеш аз ҳама раиси участка бонуи хушодоб Рашидова Махфират Мансуровна, директори почтаи ноҳия бо алфози ширини «Хуш омадед» истиқбол мегирифт. Муовини ӯ Аҳмадшоҳ Тавакалов дуюмин шахси пешвозгиранда буд. Котиби участка Миҷгона Давлатова ва аъзои участка Муътабар Хайриддинова, Майсара Зарипова, Нурмаҳмад Маҳкамав, Тоҷиддин Маҳмадов, Раҳмоналӣ Чақалов ва Насрулло Ҳасанов дар ҷойҳои худ ҷиҳати ба овоздиҳандагон додани бюллетенҳои раъйпурсӣ тайёр буданд. Онҳо ба ояндагон тибқи рӯйхати пешакӣ ва варақаҳои хабарӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бюллетен дода, ба ҳуҷраҳои мавҷуда ҳидоят менамуданд. Ҳис карда мешуд, ки ҳар кадом худро ба тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат шарик дониста, бо азму ақли солим иродаи худро тавассути раъйдиҳӣ ифода менамояд.
Баъд иттилоъ гирифтем, ки аз 2389 нафар шахсони барӯйхатдаромада 2274 нафар ба раъйдиҳӣ ҳозир шуданд. Ин далели тайёрии хуби аъзои участкаи мазкур ба маъракаи муҳими сиёсӣ аст. Аз шумораи раъйдиҳандагон 2139 кас, ё худ 94,6 фоиз тарафдори тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон будани хешро нишон доданд.
Ҷ.БАҲОРОВ, «НФ».