ХАБАРҲО

ДӮСТӢ МОРО БА ПИРӮЗӢ РАСОНД

Баробари шунидани калимаи “ҷанг” вайрониву даҳшат, қурбониву валангории шаҳру деҳот, бепарастор мондани тифлон пеши назар ҷилвагар мешавад.

Инсонҳо борҳо бо ин фоҷиа рӯ ба рӯ шуда, шикасти азиме дидаанд. Даҳҳо шаҳру деҳот ба иллати оташи ҷанг   комилан маҳв гардидаанд. Ҳазорон нафар мардон ва ҷавонон қурбонии ин фоҷиа гаштаанд. 22 июни соли 1941 армияи Германияи фашистӣ аҳдшиканона, бе эълони ҷанг ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Навобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби қувваи техникии ҷангӣ ба мардуми шарафманду бономуси Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбанд. Сабаби асосии пирӯзӣ дар ҷанг дӯстиву бародарии халқҳои мухталифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Мардум ҷон дар каф марзу буми Ватани хешро мардонавор ҳимоя мекарданд. Нерӯи тавонои ҷанговарон   буд, ки 8 марти соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. Баъдан 9 май рӯзи Иди Ғалаба эълон гардид.

Ҳар сол мардуми собиқ Шӯравӣ иди Ғалабаро бо хурсандиву тантана истиқбол мегиранд. Аз он рӯзи фирӯз   71 сол гузашт. Рӯзи Ғалаба бо нархи гарон, ба ивази ҷони 20 миллион нафар фарзандони далеру арзандаи   миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар гардид. Насли имрӯзи тоҷик ҳам бо номи падарони шуҳратманди худ, Қаҳрамонҳои Иттифоқи Шӯравӣ Чутак Уразов, Исмоил Ҳамзаалиев, Саидқул Турдиев, Туйчӣ Эрҷигитов, Неъмат Қарабоев ва даҳҳои дигар фахр менамояд. Ва мисраҳои зер дар ҳаққашон арзандааст, ки:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки нокӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

  

Иззатулло САЪДУЛЛОЕВ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти

   миёнаи умумии рақами 46.