ХАБАРҲО

ТУҲФА БА СОБИҚАДОРОНИ ҶБВ

Дар арафаи таҷлили ҷашни 71-солагии Рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 8 нафар иштирокчиёни ҶВБ-и ноҳия - Аҳмад Бердиев, Аҳмад Қурбонов, Зоир Тоиров, Абдӣ Комилов, Маҳмадлоиқ Сафаров, Ятим Табаров, Маҳмадалӣ Табаров ва Шариф Содиқов дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонигӣ расонда шуд.

Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ зимни мулоқот бо собиқадорон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба онҳо маблағҳои пулӣ ва маводи хӯрока туҳфа намуд.

- Ман аз аввали ҷанг то дар лонааш саркӯб кардани душмани ғаддор ҷангида, бо 2 ордену медалҳои зиёд баргаштам. Аз он шодам, ки хизматҳои мо, иштирокчиёни ҷангро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша қадр мекунанд, -бо ифтихор мегӯяд Маҳмадлоиқ Сафарови 96 сола.   Дигар собиқадорони ҶБВ низ барои чунин қадрдонӣ изҳори сипос карданд.

Мудири шуъбаи дини Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Одинашоҳ Муродов дар маросими супоридани туҳфаҳои Сарвари давлат ба иштирокдорони ҶБВ ширкат намуд.