ХАБАРҲО

ИҶРОИ ҲАМАИ НАҚШАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ- ТУҲФА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Маҷлиси васеи назди  раиси ноҳия, ки рӯзи 18 апрели  соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, соҳибкорон ва  фаъолони ноҳия доир гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар семоҳаи  аввали  соли 2016 мавриди таҳлил қарор дод. Муовини аввали раиси ноҳия Акрамзода З.А. ва муовинони раиси ноҳия Сафаров Р.М. ва  Раҷабзода С.Б.  дастоварду камбудиҳои дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия тайи ин муддат ба даст омадаро (Гузоришҳо дар ҳамин шумора дар шакли мухтасар чоп гардидаааст)  ҳамаҷониба  муҳокима намуда, асосан атрофи камбудиҳо   ва роҳҳои ислоҳи онҳо сухан гуфтанд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ зимни гузориши баромадкунандагон сабабҳои  пайдоиш ва ислоҳи саривақтии  камбудиҳоро  аз масъулини ҳар як  соҳа пурсон шуд. Кишоварзон бояд баҳри таъмини саривақтии супоришҳои Сарвари давлат, ки  зимни сафарҳои корӣ ба ноҳия дода буданд ҳамаҷониба кӯшиш намоянд. Нақшаи бунёди боғҳо ва кишти картошка бояд дар муҳлати муайян ба иҷро расад. Сифати корҳои сохтмонӣ низ айни ҳол  нигаронкунанда аст. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ки боиси  ғанӣ гардонидани  буҷаи ноҳия мегардад,   чандон  намоён нест.  Масъулияти  соҳибкорон дар баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия  бояд чашмрас бошад. Иншоотҳои  хусусишуда бо мақсад  истифода нагардида, аксари он ба нестӣ расида истодааст. Ҳол он ки мақсад аз  хусусӣ гардонидан обод кардану  саҳм гирифтан дар пешрафти иқтисодии ноҳия мебошад. Аз ин хотир раиси ноҳия таваҷҷуҳи   соҳибмулконро ба он ҷалб намуд, ки  иншооти хусусигардидаро бо манфиат истифода намоянд, истеҳсолотро ривоҷ диҳанд.  

Ҳамчунин Раҷабзода М.   иҷрои саривақтии супоришҳоро бахусус сари масъалаҳои ободонӣ ва иҷрои нақшаи  бунёди боғҳои нав ва кишти картошка кори ҳамарӯзаи масъулон донист.

Таъкид гардид, ки давоми   соли  2016 бояд  бо меҳнати созандаву бунёдкорона пешрафти ҳамаи соҳаҳоро таъмин намуда,ҷашни бисту панҷсолагии Истиқлолияти давлатии  кишварро бо дастовардҳои  намоёни меҳнатӣ истиқбол гирем.Таҷлили сазовори  ҷашни    Истиқлолияти давлатии кишвар бояд нияти созандаи сокинони ноҳия бошад,- таъкид дошт раиси ноҳия  Миралӣ Раҷабзода.

“НФ”.