Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни “Дастони моҳир” доир гардид. Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани ҷаҳонбинии маънавию фарҳангӣ, дарки зебоипарастии кӯдакону наврасон, ҳамчунин дарёфт ва ҳавасманд намудани ҳунармандони навраси боистеъдод буд.
Дар се бахши даври ноҳиявӣ-дӯзандагӣ-тарроҳӣ, бофандагӣ ва гулдӯзии миллӣ 15 муассисаи таълимӣ, ки дар даври муассисавӣ ғолиб омада буданд, ширкат варзиданд.
Пас аз баҳогузорӣ дар бахши дӯзандагӣ-тарроҳӣ ҷойи аввал насиби Фатона Юсупова (муассисаи таълимии рақами 1), зинаи дувум насиби Марҷона Убайдова (муассисаи таълимии рақами 2) ва мақоми сеюм насиби Мадинаи Сироҷиддин (муассисаи таълимии рақами 4) гардид.
Ҷойҳои ифтихориро дар бахши гулдӯзӣ Меҳрона Ҳафизова (муассисаи таълимии рақами 18), Фархунда Исмоилова (муассисаи таълимии рақами 9) ва Дилноза Тоирова (муассисаи таълимии рақами 2) соҳиб шуданд.
Дар бахши бофандагӣ бошад, Сурайё Наҷмиддинова аз муассисаи таълимии рақами 1, Қаландарзода Зуҳро аз муассисаи таълимии рақами 2 ва Ҳакимзода Гуландом аз муассисаи таълимии рақами 7 зинаҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.
Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон қадрдонӣ шуданд.
С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.