ХАБАРҲО

ИМРӮЗИ САРБОЗ

Чанд рӯз пеш бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, комиссариати ҳарбӣ ва КИ ҲХДТ як гурӯҳи фаъол аз баталёни сулҳҷӯёнаи қисми ҳарбии 12019–и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дидан намуд.

Зимни боздид афсарони комиссариати ҳарбӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз шароити буду бошӣ сарбозон аз наздик ошно шуданд.

Ҷавонон дар қисми ҳарбӣ бо сарбозон суҳбат намуда, аз онҳо ҳолати воқеии хизмати ҳарбиро пурсон шуданд, ки ҷавобан аз ҳар яки онҳо дарси мардонагиву далериро омӯхтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ сарбозони қисми ҳарбӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи дӯстона дар намуди варзиши сабук гузарониданд. Ғолибон бо туҳфаҳои таъсиснамудаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Зимни боздид ба муносибати 23-солагии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба сарбозон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳо аз қабили хӯрока ва маводҳои гигиенӣ расонида шуд.

С. РОЗИҚОВ