ХАБАРҲО

ОЗМУНИ «ВАТАНПАРВАР»

Ба ифтихори 23-умин солгарди Артиши миллии кишвар бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф ва комиссариати ҳарбӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ-ватандӯстии «Ватанпарвар-2016» доир гардид.

Даври аввали мусобиқа дар нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳот гурӯҳбандӣ шуда, аз шумораи 44 дастаи бақайдгирифташуда 7 даста ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар даври аввал муассисаҳои таълимии рақами 2,4,8,11,20,35,59 фаъол буданд.

Даври ниҳоии мусобиқа рӯзи 23 феврал дар мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳия доир гашта, ғолибон ба тӯҳфаҳои таъсиснамудаи бахши мазкур сарфароз гадонида шуданд.

С. ЮНУСЗОДА