ХАБАРҲО

ЯРМАРКА СОҲИБИ КОР МЕКУНАД

Дирӯз дар назди Қасри фарҳанги ноҳия бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид, ки дар он 11 ташкилоту муассиса бо пешниҳоди 38 ҷойи кории холӣ иштирок намудаанд. Дар ярмарка 95 нафар сокинони ноҳия иштирок карда, аз ин шумора 10 нафар ба касбомӯзӣ ва 5 нафар ба кор роҳхат гирифта, 4 нафар ба кор таъмин гардиданд.

Тибқи маълумоти масъулини шуъба Шабакаҳои барқи ноҳия, Беморхонаи марказӣ, КАТС, Ҷамъияти матлубот, шуъбаҳои кишоварзӣ ва сохтмони асосӣ, ки бо ярмарка даъват шуда буданд, иштирок накарданд.

«НФ»