ХАБАРҲО

ЧАРО АРЧА ҲАМЕШАСАБЗ?

Ривоят мекунанд, ки ҳазрати Сулаймон хоб мебинад, ки қатраҳои оби ҳаёт дар як чашмаи дури кӯҳистон пайдо шуда ва ӯ дастаи паррандагонро барои овардани оби ҳаёт фиристоданӣ мешавад. Ин корро зоғ ба ӯҳда гирифта барои овардани оби ҳаёт ба ҷои таъиншуда парвоз мекунад. Зоғ қатраҳои оби ҳаётро дар нўлаш гирифта дар бозгашт аз зебоию бўи хуши дарахти арча ба ваҷд омада овоз мебарорад. Бо садо баровардан аз даҳонаш қатраҳои оби ҳаёт бар сари дарахти арча мерезаду ба он сарсабзии ҳамешагӣ ато мешавад. Ин ривоят гувоҳ бар он аст, ки дарахти ҳамешасабзи арча ба ҷузъи муҳими тамаддуни мардумӣ пайвандӣ дошта онро одамон дӯст медоранду парвариш мекунанд.
Сарсабзии арча тамоми фаслҳои сол муқаддас будани онро ифода мекунад. Аз ин рӯ, мегӯянд, ки касе дидаву дониста барои ҳезум ва дигар ҳоҷатҳои рӯзгор дарахти арчаро агар бурад, аҳли хонадонаш ба ягон нохушӣ ё офат гирифтор мешавад. Аз ин рӯ, дарахти арчаро, ки зеббахши кӯчаю раста ва хонадони ҳар яки мост, бояд эҳтиёту нигоҳубин кунем. Дар шабнишиниҳои солинавӣ ба ҷои арчаҳои сарсабзи зинда аз намудҳои гуногуни арчаҳои зебои сунъӣ, ки дар тамоми фурӯшгоҳҳо гузошта шудаанд, харидорӣ карда истифода намоем. Нагузорем, ки ягон бех ниҳоли арча, ки аз накҳати бӯи хуши он ҳар лаҳза ҳаловат мебарем хушку бурида шавад!


Таҳияи Т. МУНАВВАРА.