Чорводорони ноҳия дар соли рафта 13494 тонна шир истеҳсол карданд, ки ба ҳар сар гови дӯшоӣ 1301 киллограмӣ рост меояд.
Чорводорони ҷамоатҳои Қалъаидашт, Меҳробод ва Ҷавонон дар таъмини нақшаи солонаи истеҳсоли шир ҳиссагузоранд.
Сабзавотпарварони ноҳия ба соли нав бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ омаданд. Онҳо аз майдони 325 гектар 10 ҳазору 649 тонна сабзавот ба даст оварданд. Дар таъмини нақшаи ноҳия хоҷагиҳои Исмоили Сомонӣ, Сайдонӣ ҳиссагузоранд.
Картошкапарварони ноҳия дар соли 2015 аз майдони 767 гектар 13 ҳазору 889 тона ҳосил бардоштанд. Хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Исмоили Сомонӣ, Меҳробод, Гадо Шарифов ва Қалъаидашт ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 220-227сентнерӣ расониданд.
Ғаллакоронӣ ноҳия соли рафтаро хуб ҷамъбаст карданд. Аз майдони 4052 гектар 7728 тона ғалла гирифта шуд, ки нисбати солҳои пешин зиёд мебошад. Ҳосилнокии ҳар гектар 19,3 сентнериро ташкил дод. Дар хоҷагиҳои ба номи Исмоили Сомонӣ, Меҳробод, Вашгирд, Сайдонӣ, Дошмандӣ ва Назар Мисоқов бошад, ҳосилнокӣ ба 22-28 сентнерӣ расонида шуд.
Парандапарварони ҶДММ «Мурғи ҳилол» соли 2015 80 миллиону 150 ҳазор дона тухм ва 1316 тона гӯшт истеҳсол кардаанд.
Соли 2015 дар ноҳия 603 гектар боғи нав бунёд шуд. Майдонҳои боғи нав дар ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон ба 101 гектар, Мискинобод 133 гектар, Чашмасор 49 гектар расонида шуд. Бунёди боғҳои интенсивӣ бошад дар хоҷагиҳои ноҳия ба се гектар расид.
Соли рафта барои пизишкони Маркази саломатӣ соли бобарор буд. Зеро дар ин сол ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти замонавии тиббӣ харидорӣ шуда, ба маблағи 705 ҳазор сомонӣ бунгоҳу марказҳои саломатӣ аз таъмир бароварда шуданд.
Масъулини бахши муҳоҷирати ноҳия дар соли 2015 аз 278 сокинони ноҳияро, ки аз кишвари Россия хориҷ гаштаанд, 98 нафарро ба кори доимӣ, 78 нафарро ба кори ҷамъиятӣ ва 93 нафарро ба корҳои мавсимӣ ҷалб намуданд.
Табибони беморхонаи марказии ноҳия соли рафта ба маблағи 49 ҳазору 700 сомони таҷҳизоту асбобҳои тиббӣ харидорӣ намуда, дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ биноҳои иловагиро барои шуъбаи асаб омода намуданд.