Ба ифтихори иди Меҳргон дар арафаи иди Соли нави мелодӣ ба кишоварзони пешқадами ноҳия - боғпарвар Ҷӯра Давронов, занбӯриасалпарвар Ислом Сайфуллоев, чорводорон Анвар Раҳимов, Сулаймон Ҳакимов, Кароматулло Мирзоев, сабазавоткорон Ҳотам Бердиев, Абдуҷаббор Сатторов, картошкапарвар Мирзо Камолов ва сардори идораи беҳдошти замин ва хоҷагии оби ноҳия Нусратулло Саидмуродов туҳфа ва ифтихорномаи раиси ноҳия М.Раҷабзода тақдим карда шуд. Ҳамчунин раиси ноҳия ин шабу рӯз ба аёдати маъюби деҳаи Хамисеб Фазила Саидмуродова, собиқадорони меҳнат Камол Мирзоев, Наталя Чистакова, Қудрат Файзуллоев ва оилаи бесаробон Давлат Абдуллоев рафта туҳфа супурд.
Ташкилоту муассисаҳои ноҳия низ ба оилаҳои бесаробон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, кӯмакҳои молиявӣ намуданд.
«НФ».