Шурўъ аз 14 сентябр дар асоси нақша-чорабинии бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, САҲШ, корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва ШВКД силсилавохӯриҳоро бо фаъолони деҳот, омӯзгорону волидайн ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак гузашта истодааст. Дар вохӯриҳо атрофи пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, дур мондани духтарон аз идомаи таҳсил, фарҳанги либоспӯшӣ, худкушӣ ва шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сӯҳбатҳои судманд доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки то ба имрӯз гурӯҳи корӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳраки Файзобод, ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон ва Вашгирд вохӯриҳои худро доир намудаанд.
С. ЮНУСЗОДА, «НФ».