ХАБАРҲО

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ  МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА  БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ  ҶАШНИ «РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҲамдиёрони азиз!
Ҳамасола рӯзи 5 октябр дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон- Тоҷикистони азиз ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми ҳамдиёронамонро ба фарорасии ин санаи муҳим самимона табрику муборакбод мегӯям.
Тибқи моддаи 3  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.


Масъалаи гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки барои ҳар як халқу миллат дар ҷои аввал меистад. Барои мо тоҷикон, ки соҳиби таъриху фарҳанги хеле қадим, тамаддуни бузургем ва забони модариамон тӯли ҳазорсолаҳо, ҳатто дар мавриди ҳукмронии аҷнабиён, забони коргузории давлат буд, ин масъала барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар масъалаи ҳаёту мамот аст.
Маҳз ба ҳамин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус  Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони тоҷикӣ, ба он ҳамчун ба забони давлатӣ арҷгузорӣ намудан ва поку беолоиш нигоҳ доштани он аҳамияти ҳамарӯза ва беандоза ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ» (4 октябри соли 2012) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ далели ҳамин ғамхориҳост.
Мавриди зикр аст, ки сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод низ ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи меъёру қоидаҳои забони давлатӣ, рушду нумӯи он ва омӯзиши он аз ҷониби шаҳрвандон пайваста чораҳои зарурӣ меандешанд. Бо ин мақсад дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия комиссияи татбиқи қонуни забон амал менамояд, ки дар фаъолияти хеш ба татбиқи санадҳои дар боло номбурда аҳамияти хосса зоҳир менамояд.
Дар давоми солҳои баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номҳои арабиасос ё решаҳои туркидоштаи деҳаҳои ҳудуди ноҳия, аз қабили Ҷойникудӣ, Қарабулоқ, Лақаён, Гумбулоқ, Қулобод Қасамдара, Сеқишлоқа, Қошқарӣ, Қаллошӣ, Субулоқ, Бунгакиён, Қашқараҳа ва амсоли инҳо бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номҳои зебои тоҷикии Чилчашма, Бӯстон, Офтобрӯя, Меҳробод, Чорбоғ, Хуросон, Гулафшон, Себзор, Шифобахш, Баҳористон, Чашмасор, Дурахшон, Орифон иваз карда шуданд.
Ҳамасола дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тамоми ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рўҳияи баланди миллатдӯстию ватанхоҳӣ таҷлил карда мешавад.

Ҳамдиёрони азиз!
Бори дигар  ҳамаи сокинони ноҳияро ба фарорасии ҷашни умумимиллии «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона табрику муборакбод намуда, барои ҳар яки онҳо саломатӣ, хушбахтӣ, барору комёбиҳо ва рӯзгори хушу осударо таманно мекунам.
Иди «Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон» муборак, ҳамдиёрони азиз!