ХАБАРҲО

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз! 24-уми сентябр мусулмонон дар саросари кишвар иди саиди Қурбонро таҷлил менамоянд. Иди саиди Қурбон яке аз идҳои шарифу қадимтарин, аз ҷумла муҳимтарин маросимҳои сунатии мусулмонон мебошад.
Бо шукргузорӣ аз осудагию хуррамӣ ва рушду нумӯъи Ватани азиз, ҳамаи сокинони ноҳияро ба ин рӯзӣ саиду пурфайз табрик мегӯям.
Мардум дар рӯзӣ ин иди муборак ба аёдати беморону барҷомондагон, мусибатдорону ниёзмандон мераванд, ба арвоҳи гузаштагон дуои нек мефиристанд, ба наздикону пайвандон саломативу хушрӯзӣ, барои Ватану диёр ободию шукуфоиро таманно мекунанд.
Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон бо ин аз фазилатҳои меҳру садоқат ва саховату ҳимматбаландӣ саршор мебошад. маънӣ ва фалсафаи ин ид ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигаро ба ҷо овардан ва бо ҳамдигар қарину меҳрубон будан аст.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмон ҳифз намуда, риояи онҳоро кафолат медиҳад. Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти озодии эътиқод, ҳимояи арзишҳои дини мубини ислом, ҳимояи он аз ҳар гуна айбдоркуниҳои беасос хизматҳои арзишманд мекунанд. Давлату Ҳукумат ҷиҳати иҷрои фаризаҳои динӣ барои сокинони мамлакат тамоми шароиту имконитяҳоро фароҳам меоранд. Бояд зикр кард, ки имсол зиёда аз шаш ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакатамон бо нияти адои маросими ҳаҷ озими Маккаи мукарама ва Мадинаи мунаввара гарпдиданд. Хушбахтона, дар миёни онҳо шаст нафар сокинони ноҳияи Файзобод ҳастанд.
Имрӯз, ки мо дар арафаи ин иди бисёр мубораку муқаддас қарор дорем, бояд анъанаҳои неки бузургони гузаштаамонро дар бобати хайру эҳсон, дастгирии ятимону камбизоатон, ниёзмандон, аёдати беморону мусибатдорон идома дода, дар ободию пешрафти диёрамон саҳми муносиб гузорем.
Дар шароити ҷаҳони имрӯза, ки душманони дини мубини ислом бо ҳар роҳ мекӯшанд аз номи дин бо истифода аз нофаҳмию ноогоҳии ҷавонон дини мубини исломро бадному доғдор созанд, миёни намояндагони мазҳабҳову динҳо ҷудоӣ андохта, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода дар муқобили чунин амалҳои зишт эътиқоду самимият нишон дода, арзишҳои диниро ҳифз намояд. Хусусан имрӯз, ки мо дар арафаи иди саиди Қурбон қарор дорем, бояд бори дигар арзишҳои дини мубини исломро, ки аз хайру эҳсон, сидқу ихлос, ватандӯстию инсонпарварӣ ва амсоли ин амалҳои нек иборатанд, риоя ва ба дигарон талқину тарғиб намоем. Хусусан дар тарбияи фарзандон, ҷавононамон бетарафу беаҳамият набошем. Ба ҳар гуна иғвою дасисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба ислом ҳеҷ рабте надоранд, дода нашавем ва ба ҳамаи ин дасисаву иғвоҳо ҷавоби сазовор диҳем.
Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии иди мубораки Қурбонро бори дигар ба ҳар як хонадони мардуми ноҳия табрику муборакбод гуфта, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаъол тандурустӣ, саодату сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон ва хонаи ободу рӯзгори хушу осударо таманно мекунам.


Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромиқадр!