Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон мардум ба «Амонатбонк» эътимоду боварии бештар доштаву сол аз сол сафи муштариёни он зиёд мегардад. Бояд хотиррас намоем, ки имрӯз ба сокинони кишвар 75 филиал, 512 марказҳои хизматрасонӣ ва 214 нуқтаҳои интиқоли маблағ пурсамар фаъолият дорад. Филиали дар ноҳияи мо мавҷуд будаи бонки мазкур бо роҳбарии сарвари он Саидакбар Ҳақназаров низ таҳти шиори «Хизмати аъло ба ҳар муштарӣ» ба он мекӯшанд, то ба боварии мардум сазовор гарданд. Ҳамин аст, ки рӯзи шанбеи 29 август дар назди тарабхонаи "Файзобод" аксия зери унвони «Амонатбонк - бонки мардумии Тоҷикистон» доир шуд, ашхоси зиёде бо нишони сипосгузорӣ ба хизмати эшон инҷо ҷамъ омаданд.
- Ман аз муомилаву сухани хуши кормандони ин бонк хеле миннатдорам, гуфт зимни суҳбат ба мо сокини деҳаи Обисангбури ҷамоати деҳоти Ҷавонон Абдухолиқ Қурбонов ва илова кард, ки ҳамеша бе ягон камбудӣ кормандони он хизмати моро ба ҷо меоранд.
Воқеан ҳам дар филиали ноҳиявии «Амонатбонк» хизматрасонӣ аз рӯи ҳамаи намудҳо дар сатҳи баланд барои мизоҷон дастрас мебошад. Интиқоли маблағҳо, пардохти саривақтии нафақа ва қабули пасандозҳо, пешниҳоди қарзҳои дастрас ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешкаши мизоҷон мегардад. Агар хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи баланд хоҳиш дошта бошед, пас ба «Амонатбонк» муроҷиат намоед.
"НФ".